ПАДАР...
_________
_________
Ҳаркӣ хӯрд дар кӯдакӣ, як бурда аз нони падар,
Кам бувад то умр бӯсад, дасту домони падар.
Хонааш равшан шавад, аз рӯи тобони падар,
Мекунам ҷону дилам, сад бор қурбони падар.
Хулқу одобе ба фарзанд, аз падар мерос бувад,
З-ин сабаб фарзанд мудом аст, шавкату шони падар.
Хонаи торик шавад, равшан, зи ҳастии кӯдакон,
Рӯи фарзанд аст, чароғи давру даврони падар.
Лаҳзае дар хонааш, гар дер биёяд бе сабаб,
Дар сари роҳ интизор аст, чашми ҳайрони падар.
Ногаҳон дар пои фарзанд, гар халад як хору хас,
Хун чакад беихтиёр, аз чашми гирёни падар.
Гар падар, теғи забоне хӯрда аз фарзанди худ,
То тамоми умри худ, дард мекунад, ҷони падар.
Комментарии 6