Боз ин дили гирён хаёли дидани руи туро мекунад. Шунидам, ки ту имруз дар дасти он бевафо дар азоби.Ашки чашмонам хануз ба ёди ту мисли катраи борон мечаканд. Ана хамин шамолаки борони буд, ки хамон рузхои бехтарини бо хам буданамонро пеши назарам меовард. Бале, хамон рузи бо хам буданамонро, хамон рузе, ки чуз туву ишки ту чизе намехостам ва хамон рузе, ки дасти маро бори аввал гирифта буди. Хамон рузеро, ки бо ту баъди борони бахори дар гулзорон бо дили пур аз умеду орзухои чавони сайр мекардем. То он руз ба борон нафрат доштаму бориданашро намехостам. Аммо баъди онруза борону онруза бо хам буданамон, бороне ки меборид, ба ин дили девонаи ман хурсандихо меовард. Аз чи бошад намедонам, хар вакте борон меборад, табъи ман хуш мегардаду рузхои бехтарини хаётамон монанди наворхои кино аз пеши чашмонам мегузаранд. Баъди рузхои аввалини бо хам сайр карданамон ин дили девонаи ман ошиктар гардида буду ба борон хар лахза сипосгузори мекард. Охир махз хамон борон буд, ки ману ту бори авал бо хам наздик зери як чатр менишастем. Махз хамон борону хамон шамол буд, ки чисму чони нозуку зебои туро чониби ман рахсипор мегардонид. Ман бошам монанди гулхо мешукуфтаму бароят таронахои ошикона мехондам. Аз таъсири хамон борон чисми нозуки ту аз сардии хаво ба ларза меомаду маро чунон ба огушат мекашиди, ки то барои худ аз ман гармие ёби. Аммо садхо афсус, ки ман имруз аз сарди дар азоб хастаму ту дар огуши дигаре хасти...Афсус, ки ин борон дигар ба ман чуз гаму гусса дигар чизе намеорад танхо фаромуш кардани ту мушкил аст мархамат ба грухи КИССАИ ЗИНДАГИ
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2