Предыдущая публикация
Фироқу доғи ҳиҷронро каси дилганда медонад.
Агар фарде надида дар ҳаёташ ғуссаву ғaмро,
Зи дардат ҳасрате созӣ, ба нозу ханда медонад.
Ҳазорон хубӣ кардӣ бар касе, боре намуди рад,
Ба он як рад намудан хубро ҳам ганда медонад.
Ба қасдан мекунад кори хато бе ҳеч истисно,
Агар саҳван хато кардӣ, туро шарманда медонад.
Худоӣ мекунад аммову нашносад Худои худ,
Ба сад кибру ғурур худро, вале арзанда медонад.
Ҳақиқат кай бигардад боз, бар худ як суоле деҳ,
На дирӯзу, на имрӯзу, вале оянда медонад.
Надорем огаҳӣ аз якдигар дар қалби моён чист?
Худованди бузургу, поку- бахшоянда медонад.
Машав банди ғaми Олам, Худоро шукр кун банда!!!
Канори бандагонаш у,туро ҳам банда медонад.(?)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев