Предыдущая публикация
Корвони некиҳо бар кӯи хубон меравад.
Бехабар магзар зи ҳар нодору барҷомондае,
Оби чашми камбағал рӯ сӯи ризвон меравад.
Ёри мо аз моли меҳри худ намуд қурбони ёр,
Аз сироталмустақим паррону осон меравад.
Дар тавофи хонаи дилҳо бирав баҳри савоб,
Дил ба даст овардае бо нури имон меравад.
Синаро пок аз кудуратҳо намо бахшанда бош,
Хубиҳо болои мижгонат хиромон меравад.
Тавбаро ҷонони ман ту мӯниси роҳат намо,
Покдомон аз чаҳон чун ҳуру ғилмон меравад.
Хоча Пайдовар биё сарро фидои дӯст кун.
Чашм бар ҳам мезанӣ то
иди Қурбон меравад.
Шараф Пайдовар (Умарзода)
18.08.2018.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев