Предыдущая публикация
Дур аз макру фирби даҳри афсункор бош.
Панҷ рузе беш набвад шодии умри гузар,
Чашми ибрат баркушову зираку ҳушёр бош.
Гул кунад гар боғи дунё, рӯзе мебояд хазон,
Дар канор аз ҳиллаву найранги ин гулзор бош.
Суд набвад аз матову моли дӯкони фано,
Орӣ аз байъу талоши мулки ин бозор бош.
Ҳирси амволу тамаъ чун ранҷу хорӣ оварад,
Дар сахо кӯш мақбули он даргаҳу дарбор бош.
То тавонӣ роҳи некиву саодат пеша кун,
Дил аз ин дунё бигиру рӯ ба сӯи ёр бош.
Оҷизам з-ин мисраи Бедил, Муродӣ, гуфтааст,
<<Бар сари миҷгон чу ашк истодаи ҳушёр бош>>
(Муродии Хатлонӣ) .


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев