Предыдущая публикация
Наомад модари ғампарвари ман.
Бигуфтам эй баҳор, ку модари ман,
Бигуфто хоб аст дар манзари ман.
Баҳор омад, наомад модари ман,
Даромад ҳар даре ҷуз аз дари ман.
Бирифтам назди хоҳар зор гиристам,
Бигуфтам хоҳарам, ку модари ман?
Баҳор омад наомад, модари ман,
Нарахшид офтоб ҳам бар сари ман.
Ҳама хурсанду шодӣ пар кашиданд,
Надорад майли парвоз ин пари ман.
Баҳор омад, наомад модари ман,
Нарафт сайри тамошо додари ман.
Маро оғӯш гирифту бӯсаҳо кард,
Ба ашки шашқатораш хоҳари ман.
Аниси Ёқубиён. Душанбе 1993.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 6