( МОДАРГУМКАРДА )
Ё қиссае ки духтар чихел азоби бемодариро кашид!
Гулрӯ ҳамроҳи падар дар хона танҳо монда буданд ва намедонистанд чӣ чора ҷӯянд. Ҳар гоҳ, ки модараш ба ёдаш меомад, оча гӯён гиря мекард, аммо ку очаи дилсӯз, ку гӯяд, ҷони оча, омадам, гиря накун.
Афсӯс, сад афсӯси умри ҷавонӣ, умре, ки мисли оби ҷӯе саросемавор даргузар аст.
Чун Гулрӯ зиёд гиря мекад, падараш Сафар ба сӯяш дод зада мегуфт:
- Бас кун, гиря накун, модарат дигар нест ва намеояд. Ту тоқат кун, ман ба ту модари нав меорам мехоҳӣ?
- Не, ба ман модари худамро биёред, ман очаамро ёд кардам. Ба ман очаи дигар даркор нест,- мегуфт Гулрӯ бо суханҳои гиряолуд ҳамеша.
Ӯ қариб ҳар рӯз гиря мекард. Вақтҳои охир дили падар ба ҳоли духтараш месӯхтагӣ шуд. Охир ӯ фарзандаш, хуни ӯст, чаро насӯзад. Ҳар гоҳ Хиромонро ба хотир оварда, ба ёди меҳрубониҳои ӯ дилаш гум мезад ва дар танҳоӣ, дар бистари холӣ худ ба худ мегирист. Сафар нав ба қадри ҳамсари бечорааш расида буд, аммо афсӯс, ки хеле дер. Гулрӯро ба оғӯш мегирифту навозиш мекард ва ашки чашмонашро дошта наметавонист. Ӯ нав зиндагиро фаҳмид, нав ба қадри дӯстдориву меҳрубониҳои зану кӯдакаш расид, аммо дер шуда буд.
Худро гунаҳгор дониста пайваста мегуфт:
- Худоё, мани гунаҳгорро бубахш. Мани носипосро, ки шукрона намекардам, занамро пайваста суханҳои нохуш мегуфтам, оё ӯ маро дар он дунё мебахшида бошад?
Аз танҳоиву андӯҳ хаста гардида, Сафар қарор дод, ки барои худ ҳамсаре пайдо намояд, то ки ба духтараш низ парасториву ғамхорӣ кунад ва мисли модари худаш дасти навозишро сӯйи Гулрӯи хурдакак дароз намояд, аммо падар ба орзуи дили худ нарасид. Чунин ҳамсарро аз ёфтанаш наёфтанаш беҳтар буд.
Сафар бо як ӯзбекзани аз шавҳар ҷудошуда хонадор шуд. Сабаби аз шавҳар ҷудо шудани ӯ дар кӯдак накардаанаш будааст. Аниқтараш ӯ барои вайрон нагаштани «фигурааш» ба кӯдак таваллуд кардан розӣ намешудааст. Ғайр аз ин дар донишкадае дар шӯъбаи ғоибона таҳсил мекардааст.
Шояд ӯ аслан худи кӯдакро дӯст намедошт, зеро ҳамеша дар фикри пайдо намудани пулу мол буд. Ҳамеша чашмаш ба мардони сарватманду пулдор буду бештар ба онҳо аҳамият медод ва орзуи миллионер шуданро мекард. Сарвиноз бо Сафар риштаи хешу таборӣ доштанд, аз ин рӯ, бо хости волидон оиладор шуданд.
Рӯзҳои аввал ӯ бо Гулрӯ намоишкорона муносибати хуб менамуд, аммо баъд аз чанд муддат аз худ рафт. Ба сӯи кӯдаки ҳафтсола дод мезад, ҳамеша ранҷу озораш медод ва ҳатто борҳо пинҳонӣ ба рӯйи кӯдаки бечора торсакӣ зада, кор мефармуд. Ҳангоми аз кор омадани падар Гулрӯ гирякунон сӯяш медавиду худро ба оғӯши падар партофта гиряҳо мекард ва мегуфт:
- Отаҷон, модари навам маро зад ва гуфт, ки ман модари ту нестам, модари ту мурдааст. Ман ӯро оча мегӯям, ӯ мегӯяд, ки ман очаи ту не, очаат дар таги хок. Шумо пагоҳ ба кор наравед, ман метарсам, ӯ маро боз мезанад.
Аз шунидани ин суханон дили Сафар реш – реш мешуду ба занаш, ки хешдухтараш буд мегуфт:
- Ту аз ростӣ ҳамин хел рафтор мекунӣ? Наход, ки як зани боақл, бо кӯдаке, ки чанд моҳ пеш модарашро аз даст додааст, чунин рафтор намоӣ? Ман туро на танҳо барои худ, балки барои ӯ ҳам гирифтаам, то ки худро бемодар ҳис накунад. Модараш ҳангоми зинда будан боре ба ӯ сухани қабеҳ нагуфтааст, ту бошӣ, ба сӯяш даст бардоштӣ.
Сарвиноз аз шарм рангаш парида баҳонаҷӯӣ мекард
- Охир, ӯ бо пойҳои чиркинаш рӯи қолин баромада, хонаро ифлос мекунад. Сумкаи маро кофта чизҳои ороишиамро шикасатаву резондааст.
Хуллас, баҳонаҳои дурӯғ меҷусту назди шавҳар худро сафед мекард.
Моҳҳо ва солҳо сипарӣ мешуданду рӯзи Гулрӯ низ бо азобу машаққати зиёд мегузашт. Ҳарчанд холаи Гулрӯ чанд маротиба хост ӯро ба хонаи худаш барад, аммо Сафар ба ин розӣ нашуд.
( Давом дорад )
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев