Аз нишастагон пурсид:
--Кӣ инро мехоҳад? Дастони ҳама дар ҳаво буд.
Суханвар “ин 20 доллараро ба яке аз шумоён медиҳам, фақат ба ин пул якчанд кор мекунам” гуфт. Пулро гирифта қат карду пурсид, ки “ҳоло ҳам ин пулро мехоҳед?” Дастҳо дар ҳаво буд. “Хуб, агар пулро ин хел кунам ҳам мехоҳед” гуфту долларро ба замин партофта бо пояш зер кард. Пул чиркин, қатшуда ва шаклаш вайрон буд. Боз дастҳо дар ҳаво буданд.
Ҳама талабгори ин пул буд. Ин шахс суханашро чунин давом дод.
--Рафиқон ! Дар ин ҷо як чизи муҳимро омўхтед. Ба 20 доллара чи коре кардам муҳим набуд, ҳоло ҳам хоҳиши гирифтани инро доштед, чунки корҳои кардаи ман қадру қиммати пулро паст накард. Ҳоло ҳам ин 20 доллар аст.
Дар ҳаёти шахсиамон бисёр қарорҳое мекунем, ё ки шароити ҳаёт моро азоб медиҳад, худро ба замин мезанему бад ҳис мекунем. Фақат чӣ шуд ва чӣ мешавад муҳим нест. Қадру қиммати худро гум намекунем. Тоза ва ё чиркин, қат ва ё шикаста, ҳеҷ яке аз инҳо муҳим нестанд. Шахсоне, ки туро дўст медоранд, ҳамеша қадру қиммати туро медонанд. Қадри ҳаётамон ин чӣ кардаем ва ё киро шинохтаем набуда, балки аз кӣ буданамон вобаста аст. Шумоён ба шахсони мукаммал наздик мебошед, инро асло аз хотир набароред.
Ҳамеша дар даст будаатонро фикр кунед, надоштаатонро не.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 19
ахсан