Кунад марди дарвешро подшо.
Бирав, панҷ навбат бизан бар дарат,
Чу ёри мувофиқ бувад дар барат.
Агар рӯз ҳама ғам хурӣ ғам мадор,
Чу шаб ғамгусорат бувад дар канор.
Занеро, ки ҷаҳл асту норостӣ,
Бало бар сари худ, на зан хостӣ.
Беҳ аст аз паричеҳраи зиштхӯй,
Зани девсимои хуштабъу гӯй.
Чу ҳалво хурад сирка аз дасти шӯй,
На ҳалво хурад сирка андуда рӯй.
Киро хона ободу ҳамхона дӯст,
Худоро ба раҳмат назар сӯи ӯст.
Ба зиндони қозӣ гирифтору беҳ,
Ки дар хона бинӣ бар абрӯ гиреҳ.
Тиҳипой рафтан беҳ аз кавши танг,
Балои сафар беҳ, ки дар хона ҷанг!
Чу зан роҳи бозор гирад, бизан,
Вагар - на ту дар хона биншин чу зан!
Чу дар рӯи бегона хандид зан,
Дигар мард гӯ, лофи мардӣ мазан!
Ду касро бидидам ба як анҷуман,
Ки ошуфта буданд аз дасти зан,
Яке гуфт, касро зани бад мабод,
Дигар гуфт, зан дар ҷаҳон худ мабод.
Дари хуррамӣ бар сарое бубанд,
Ки бонги зан аз вай барояд баланд.
Саодат барафтад аз он хонадон,
Ки бонги хурӯс ояд аз мокиён.
Зан аз чашми бегона мастур беҳ,
Чу берун шуд аз хона дар гур беҳ!
Ҳаё гар надорад дил аз вай бигир
Ки набвад зани бе ҳаё дилпазир!
Зани хуби хушхӯй хеш асту ёр,
Ҳазар аз зани зишти носозгор.
Касеро, ки бинӣ гирифтори зан,
Бирав Саъдию таъна бар вай мазан,
Ту низ ранҷ биниву бораш кашӣ,
Агар як шабе дар канораш кашӣ!
В-агар порсо бошаду хушсухан,
Нигаҳ дар накӯиву зиштӣ мазан.
Зани хушманиш хоҳ на рӯйхуб,
Ки омезгорӣ бипӯшад уюб.
Дилором бошад зани некхоҳ,
Вале аз зани бад, Худоё, паноҳ!
﴾Шайх Саъдӣ﴿
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 117
Мард агар се фарзанди духтар дошта бошад тарбияи хуб дихад вориди бихишт мешавад
Ин хадиси Пайамбар с а с. аст
Кунад марди дарвешро подшох!
Вале аз зани бад Худоё панох!
Безот агар доно шавад санге занад устодро!
вар на,ки чу шам пеши кур аст.
касеки акл доштабоша хами газали Садира хонданда мефахма,ки сухан дар борай чи ё ки рафтаистодааст
Бе зану дандон ч,ах,он зиндон бувад.
Яке фарсуда дандон, бадкирдор зан
Харду дардест чонгудоз ба чисму
тан
Бикан дандону бирон аз бар зан!
Дар мух,аббат сахт паймон мешавад.
Лек пеши нангу номуси ч,ах,он,
Аз гунох,и мард гирьен мешавад.
каф халад
Зани бошараф хамчу сурма бар
чашм кашад!
600 парий махру 600 гулом дорад.
100 гардиши шабафруз дойм ба дом дорад.
100 косай пур аз зар дар пеши хар кадомаш.
Ёбед ай азизон к-инхо чи ном дорад?
Саъйу кушиш казову кадро сабаб аст
То ч,уз ту наёфт мех,рубоне.
Гар дарбари дигаре нишинад,
Хох,ад, ки дигар туро набинад.
Хиёнат пеша кард замоне
Хазор нафрини бар зани нек бод.