Қадам бар фарқи ҳасти зан, ки растӣ.
Ғами ҳар будаву нобуда то чанд,
Ҳикоят гуфтани беҳуда то чанд.
Чу риндон хезу чобук дастие кун,
Зи ҷоми нестӣ сар мастие кун.
Раҳо кун ақлу рав девона мегард,
Чу мастон бар дари майхона мегард.
Ки аз майхона ёби равшаноӣ,
Кунӣ бо покбозон ошноӣ.
Дам аз ғам зан агар шодит бояд,
Хароби ҷу агар ободит бояд.
Мазан чун нор дар хуни ҷигарҷуш,
Биҳи хоҳи чу ба пашмина мепуш.
Вагар хоҳи зи меҳнат растгорӣ,
Ба камтар зон қаноат кун, ки дорӣ.
Сарири салтанат бедоварӣ нест,
Ғами соҳиб кулоҳе сарсарӣ нест.
Бирав чашми ҳавасро майл дар каш,
Пас онгаҳ хирқаро дар найл дар каш.
Тамаъ густох шуд бонге бар ӯ зан,
Ҳавасро низ санге дар сабу зан.
Аз он тарсам, ки чун мебоядат мурд,
Ту оре гарду дигар кас кунад хурд.
Агар руҳат зи олоиш салим аст,
Расидан дар сиротул мустақим аст.
Вагар дар чоҳи нафс уфти ба хорӣ,
Ту маъзури ки биноӣ надорӣ.
Дар ин манзил ки ҳам роҳасту ҳам чоҳ,
Алоиқ ҳар яке ғулест бигрез.
Чу мардон бораи давлат барангез,
Ба афсун хондан аз ин ғул бигрез.
Чу товус саробистони ҷонӣ,
Чу боз ошиёни ломаконе.
Аз ин байғулаи ғулон чи хоҳӣ,
На ҷуғде хона дар вайрон чи хоҳӣ.
[У. Зоконӣ]
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1