Писар, рав қадри модар дон, ки доим,
Кашад ранҷи писар бечора модар.
Бирав, беш аз падар хоҳаш, ки хоҳад,
Туро беш аз падар, бечора модар.
Зи ҷон маҳбубтар дораш, ки доард,
Зи ҷон маҳбубтар, бечора модар.
Нигаҳдорӣ кунад нӯҳ моҳу нӯҳ рӯз,
Туро, чун ҷон ба бар, бечора модар.
Аз ин паҳлӯ ба он паҳлӯ нағалтад,
Шаб аз бими хатар, бечора модар.
Ба вақти зодани ту марги худро,
Бигирад дар назар, бечора модар.
Бишӯяд кӯҳна, орояд наватро,
Чу камтар коргар, бечора модар.
Тамузу дай* туро соат ба соат,
Намояд хушку тар, бечора модар.
Агар як атса ояд аз димоғат,
Парад ҳушаш зи сар, бечора модар.
Агар як сурфае беҷо намоӣ,
Хурад хуни ҷигар, бечора модар.
Барои он, ки шаб роҳат бихобӣ,
Нахобад то саҳар, бечора модар.
Ду сол аз гиряи рӯзу шаби ту,
Надорад хобу хӯр, бечора модар.
Чу дандон оварӣ, ранҷур гардӣ,
Кашад ранҷи дигар, бечора модар.
Сипас чун по гирифтӣ, то наяфтӣ,
Хӯрад ғам бештар, бечора модар.
Ту то як мухтасар ҷоне бигирӣ,
Кунад ҷон мухтасар, бечора модар.
Ба мактаб чун равӣ, то боз гардӣ,
Бувад чашмаш ба дар, бечора модар.
Агар як рубъи соат* дер оӣ,
Шавад аз худ бадар, бечора модар.
Набинад ҳеҷ кас заҳмат ба дунё,
Зи модар бештар, бечора модар.
Тамоми ҳосилаш аз умр ин аст,
Ки дорад як писар, бечора модар!
[Эраҷ Мирзо]
*Тамузу дай - тобистону зимистон
*Сурфа - сулфидан
*Рубъи соат - чоряксоат, 15 дақиқа
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 5