Осмони бе ситорагон чизе чуз зулмот ва торики нест, Хар яке аз онон чой, макон, нуру равшанои ва самти харакат ва чое аз он бахри зулумот ва беканорро инъикос менамоянд. Масали ин бузургворон монанди он Ситорагон аст. Шоирон худ рафтаанду яъне ситорагон низ ки аз мо дуран аммо монанди онон хастанд, мереси гаронбахояшон ки нур хаст, чой макон ва атрофро рушан мегардонанд. Онхо намурданд, танхо худ дастрас нестанд, Вале бо номашон хамеша зиндаанд...
Мы используем cookie-файлы, чтобы улучшить сервисы для вас. Если ваш возраст менее 13 лет, настроить cookie-файлы должен ваш законный представитель. Больше информации
Комментарии 274
Набошад хеч касро чои Бедил.
Намоям тутиёи дидаи хеш,
Агар ёбам губори пои Бедил.
Надидам аз сухангуёни олам,
Касеро дар чахон хамтои Бедил.
Таманно кунанд аз Худо ҷуз Худо.
Гар аз дӯст чашмат ба инъоми ӯст,
Ту дар банди хешӣ на дар банди дӯст.
Саъди
Ту зи худ нарафта берун ба куҷо расида бошӣ.
Сарат ар ба чарх сояд нахури фиреби иззат,
Ки ҳамон кафи ғуборе ба ҳаво расида бошӣ.
Ба ҳавои худсариҳо нарави зи роҳ ки чун шамъ,
Сари ноз то биболад таҳи по расида бошӣ...
Хами турраи иҷобат ба уруҷи бениёзист,
Ту ба ваҳми хеш дасте ба дуо расида бошӣ.
Ҳама тан шикастрангем магузар зи пурсиши мо,
Ки ба дарди дил расиди чу ба мо расида бошӣ.
Бирав эй сипанд имшаб сару барги мо хамӯшист,
Ту ки сӯхтанд созат ба наво расида бошӣ.
На тараннуме на ваҷде, на тапидане на ҷӯше,
Ба хами сипеҳр то кай майе норасида бошӣ.
Нигаҳи ҷаҳоннаварде қадаме зи худ бурун о,
Ки зи хеш агар гузашти ҳама ҷо расида бошӣ.
Зи шикасти ранги ҳастӣ асари ту Бедил ин бас,
Ки ба гӯш имтиёзе чу садо расида бошӣ.
Оташ ба сари хок ,ки он хам ба сарам нест.
Рахм аст ба навмедии холам, ки рафикон,
Рафтанд ба чое ,ки дар он чо гузарам нест.
Эй кош фано бишнавад афсонаи яъсам,
Месузаму чун шамъ , умеди сахарам нест.
Харфи кафане мешунавам, лек тахи хок,
Он чома ки пушад нафасамро ба барам нест.
Чун гардани мино чи кашам, гайри нагунӣ,
Олам хама таклифи судоъ асту сарам нест.
Вахм аст ки , гул кардахом аз пардаи найранг,
Чун чашм хамин мепараду болу парам нест.
Чое ки дихад гафлати ман арзи тачаммул,
На бахр чуз афшурдан домони тарам нест.
Огах наям аз доги мухаббат чи тавон кард ,
Шамъе ки ту афрухтаи , дар назарам нест.
Аз кашмакаши халду чахимам нафиреби,
Домони ту дар дастаму дасти дигаре нест.
Гунди дили гумшуда помоли хиромест, Фарёд дар он куча, касе рохбарам нест.
Дар олами анко хама анкосифатонанд, Ман хам паи худ медавам, аммо асарам нест.
Харчанд кунам даъвои хилватгохе тахкик,
Чун халка ба чуз хонае беруни да...ЕщёПур бекасам имруз, касеро хабарам нест,

Чун халка ба чуз хонае беруни дарам нест.
Бе марг ба максад чи хаёл аст расидан,
Ман азми диле дораму дил дайру харамам нест.
Тимсоли ман ин бех набувад, ки чизе нанамудам,
Аз оинадорони такаллуфи хабарам нест.
Бедил, чи бало ошики маъдумии хешам,
Шамъам ки гуле бех зи буридан ба сарам нест.
Лугат: Фано -нести ; Яъс-ноумеди; Нигун-аз зер то боло, сарозер; Судоъ-дарди сар ,сардард; Тачаммул - шукуху шахомат , дабдаба; Халд -човидони, чаннат ,бихишт; Чахим -дузах , яке аз табакахои дузах; Анко - ноёфт, Дайр - ибодатгохи насрониёну оташпарастон,савмаа; Харам - макбараи фиръавнхо , чои махсуси шустушуй барои занон; Маъдум ё Маъдуми -нестшуда , нобудшуда
Рӯзону шабон дар талаби симу зарӣ.
Сармояи ту дар ин чаҳон як кафан аст,
Он ҳам ба гумон аст, ки барӣ ё набарӣ.Саъди
Ки бисёр кас чун ту парварду кушт.
Чу оҳанги рафтан кунад ҷони пок,
Чӣ бар тахт мурдан, чӣ бар руйи хок
Ки дигар наояд оби рафта ба ҷӯй.
Бибояд ҳавас кардан аз сар бадар,
Ки даври ҳавас боз омад ба сар.
Чу бар сар нишинад зи пирӣ ғубор,
Дигар айши софӣ таваққуъ мадор!
Бар сари мижгон чу ашк истодаӣ ҳушёр бош!
Ваҳшати наззораро болу паре даркор нест.
Киштии тадбири мо тӯфони ҳукми фазост,
Ҷуз дами таслим ин ҷо лангаре даркор нест.
Ҳар сари мӯ баҳри ғафлатпеша болини параст,
Аз барои хоби махмал бистаре даркор нест.
Мебарад чун гирдоб аз хеш саргардониам,
Сархуши дасти ҷунунро соғаре даркор нест.
Дар наёми ҳар нафас теғи ду олам хобида аст,
Чун саҳар дар қатраи ҳастӣ ханҷаре даркор нест.
Мушти хоки мо саропо фарши таслим асту бас,
Саҷдаи моро ҷабиневу саре даркор нест.
Хешро аз дидаи худбини худ пушидан аст,
Эҳтиёти мо барои дигаре даркор нест.
Фикри маркаб дар тариқи фақр, сози гумраҳист,
Нафас дар фармон агар бошад харе даркор нест.
Ҷуши хун, нозӯкдилонро пӯст бар тан медарад,
Аз заъифӣ бар раги гул нештаре даркор нест.
Истиқомат бас буд арбоби ҳимматро камол,
Баҳри теғи кӯҳи Белил ҷавҳаре даркор нест.
Сари муйе гар инҷо хам шави бишкан кулоҳ онҷо.
Адабгоҳи муҳаббат нози шухе бар намедорад,
Чу шабнам сар ба меҳри ашк меболад нигоҳ онҷо.
Ба ёди меҳани нозаш саҳархезаст аҷзоям,
Табассум то куҷоҳо чида бошад дастгоҳ онҷо.
Муқими дасти улфат бошу хоби ноз сомон кун,
Ба ҳам меоварад чашми ту мижгони гиёҳ онҷо.
Хаёли ҷилвазори нестӣ ҳам оламе дорад,
Зи нақши по сарӣ бояд кашидан гоҳ-гоҳ онҷо.
Хушо базму вафо к-аз хиҷлати изҳори навмедӣ,
Шарар дар санг дорад парфишониҳои оҳ онҷо.
Ба саъйи ғайр мушкил буд з-ошуби давие растан,
Сарӣ дар ҷайби худ дуздидаму бурдам паноҳ онҷо.
Дил аз камзарфии тоқат нест эҳроми озодӣ,
Ба санг ояд магар ин ҷому гардад узрхоҳ онҷо.
Ба Канъон ҳавасгардӣ надорад Юсуфе матлаб,
Магар дар худ фуру рафтан кунад эҷоди чоҳ онҷо.
Зи бас файзи саҳар меҷӯшад аз гарди саводи дил,
Ҳама гар шаб шави рӯзат намегардад сиёҳ онҷо.
Зи тарзи машраби ошиқ сайри бенавоӣ кун,
Шикасти ранги кас обе надорад зери коҳ онҷо....ЕщёБа авҷи Кибриё к-аз паҳлуи аҷз аст роҳ онҷо,
Сари муйе гар инҷо хам шави бишкан кулоҳ онҷо.
Адабгоҳи муҳаббат нози шухе бар намедорад,
Чу шабнам сар ба меҳри ашк меболад нигоҳ онҷо.
Ба ёди меҳани нозаш саҳархезаст аҷзоям,
Табассум то куҷоҳо чида бошад дастгоҳ онҷо.
Муқими дасти улфат бошу хоби ноз сомон кун,
Ба ҳам меоварад чашми ту мижгони гиёҳ онҷо.
Хаёли ҷилвазори нестӣ ҳам оламе дорад,
Зи нақши по сарӣ бояд кашидан гоҳ-гоҳ онҷо.
Хушо базму вафо к-аз хиҷлати изҳори навмедӣ,
Шарар дар санг дорад парфишониҳои оҳ онҷо.
Ба саъйи ғайр мушкил буд з-ошуби давие растан,
Сарӣ дар ҷайби худ дуздидаму бурдам паноҳ онҷо.
Дил аз камзарфии тоқат нест эҳроми озодӣ,
Ба санг ояд магар ин ҷому гардад узрхоҳ онҷо.
Ба Канъон ҳавасгардӣ надорад Юсуфе матлаб,
Магар дар худ фуру рафтан кунад эҷоди чоҳ онҷо.
Зи бас файзи саҳар меҷӯшад аз гарди саводи дил,
Ҳама гар шаб шави рӯзат намегардад сиёҳ онҷо.
Зи тарзи машраби ошиқ сайри бенавоӣ кун,
Шикасти ранги кас обе надорад зери коҳ онҷо.
Замингирам ба афсуни дили бемуддао Бедил,
Дар он водӣ ки манзил низ меафтад ба роҳ онҷо.
Ки хунҳо мехӯрад то шир мегардад сафед инҷо.
Муқими норасоӣ бош пеш аз хок гардидан,
Ки суйи ҳарду олам чун арақ хоҳад чакид инҷо.
Муҳит аз ҷунбиши ҳар қатра сад тӯфони ҷунун дорад,
Шикасти ранг имкон буд агар як дил тапид инҷо.
Гудози нестӣ аз интизорам бар намеорад,
Зи хокистар шудан гул мекунад чашми сафед инҷо.
Зи сози улфати оҳанг адам дар пардае кушам,
Навое мерасад к-аз бехудӣ натвон шунид инҷо.
Дар ин меҳнатсаро оинаи ашки ятимонам,
Ки дар бе дасту пойе ҳам маро бояд давид инҷо.
Кабоби хомсӯзи оташи ҳасратдиле дорам,
Ки ҳар ҷо бенавое сӯхт дудаш саркашид инҷо.
Ниёзи саркашон ҳусни ошӯби дигар дорад,
Камингоҳ тағофул шуд агар абрӯ хамид инҷо.
Тапишҳои нафас зи пардаи таҳқиқ мегӯяд,
Ки то худ асар дорӣ нахоҳи орамид инҷо.
Баландаст онқадарҳо ошёни аҷзи мо Бедил,
Ки бе сайъи шикасти болу пар натвон расид инҷо.
Нонианду забонианду ҷонӣ!
Ба нонӣ нон бидеҳ, аз дар биронаш,
Навозиш кун ту ёрони забонӣ.
Вале чун дӯсти ҷониро ба даст орӣ
Ба ҷонаш ҷон бидеҳ, гар метавонӣ!
Бо камон, Бедил итоат лозим омад тирро.
Нашъа дар сар, май ба соғар, гул ба домон бинамат.
Ҳамчу дил умре дар оғӯше хаёлот доштам,
Ин замон ҳамчун нигаҳ дар чашт ҳайрон бинамат.
Гарди домонат ба мижгони ниёз афшондаам,
Бе кусуф акнун ҳамон хуршеди тобон бинамат.
Эй Масеҳо нашъаи ранҷи ду олам эҳтиёҷ,
Бар нигаҳ зулм аст агар муҳтоҷи дармон бинамат.
Дидаи хамёзасанҷе чу қадаҳ овардаам,
То ба ранги мавҷи саҳбо маст ҷавлон бинамат.
Оламе аз нақши поят чашм равшан мекунад,
Андаке пеш ой то ман ҳам хиромон бинамат.
Ҳақ зоти туст суйи дастгириҳои халқ,
То абад ё Раб асои нотавонон бинамат.
Арзи теъдоди маротиб хиҷлати шавқи расост,
Он чи дил мамнуни диданҳо шавад он бинамат.
Ғунчагиҳоят насиби дидаи Бедил мабод,
Чашми он дорам то бинам гулистон бинамат.
Бедил аз фаҳми каломат оламе девона шуд,
Эй ҷунун иншо дигар фикри чи мазмун мекунӣ
Шабе чунин дари ҳафт осмон ба раҳмат боз,
Зи хештан нафасе, эй писар, ба Ҳақ пардоз!
Магар зи муддати умр он чӣ монд, дарьёбӣ?
Ки он чӣ рафт ба ғафлат, дигар наёяд боз!
Чунон макун, ки ба бечорагӣ фуру монӣ,
Кунун, ки чора ба даст андар аст, чора бисоз.
Зи умрат он чӣ ба бозича рафту зоеъ шуд,
Гарат дареғ наёмад, бақият андар боз.
Чӣ рузҳот ба шаб рафт дар ҳавову ҳавас,
Шабе ба руз кун, охир, ба Шукру Зикру Намоз!
Магуй, шаб ба ибодат чӣ гуна руз кунам?
Муҳибро нанамояд шаби висол¹ дароз.
Карими азза ва ҷал² ғайбдону мутталеъ³ аст,
Гараш баланд бихонӣ в-агар ба хуфяву⁴ роз.
Барор дасти тазарруъ⁵, бибор ашки надам⁶,
Зи Бениёз бихоҳ, он чӣ боядат ба ниёз.
Сари умед фуруд ору руи аҷз⁷ бимол ,
Бар остони Худовандгори банданавоз.
Ба некмардон, ё Раб, ки дасти феълбадон,
Бибанд бар ҳама олам, хусус, бар Шероз.
Насим аз турраат чун фитна дар маҳшар кунад бозӣ.
Фалак бар мурраҳои собиту сайёра меларзад,
Мабодо гардиши он чашми шухабтар кунад бозӣ.
Қадаҳ лабрези ҳайрат гардаду мино ба рақс ояд,
Дар он мазфил ки он шӯхи парипайкар кунад бозӣ.
Ба ҷуз машшотаи ҷоду, ки дорад набзи гесӯяш,
Чунин море магар дар дасти афсунгар кунад бозӣ.
Шуҳуди нози ӯ хунгармие дорад, ки аз шавқаш,
Чу набзи мавҷи ҷавҳар дар дами ханҷар кунад бозӣ.
Бизоат нест беш аз мушт хуни бисмили моро,
Гул охир ранг хоҳад бохтан гар сар кунад бозӣ.
Зи гарди изтироби дил нафас дар синаам хун шуд,
Бигӯ ин тифли шух аз хона берунтар кунад бозӣ.
Нигаҳро маҳрами дил созу фориғ кун зи афлокаш,
Чу тифлон то ба кай бо ҳалқаҳои дар кунад бозӣ.
Фазои пар задан тангаст дар ҷавлонгаҳи имкон,
Шарори мо магар дар олами дигар кунад бозӣ?
Ба зери чарх аз инсон, ҳарзаи ҷавлоне намеояд,
Магар бузинае бошад, ки дар чанбар кунад бозӣ.
Дили хурсанд бар ҳар кас зи шавқ афсун дамад...ЕщёТабассум аз лабат чун мавҷ дар гавҳар кунад бозӣ,
Насим аз турраат чун фитна дар маҳшар кунад бозӣ.
Фалак бар мурраҳои собиту сайёра меларзад,
Мабодо гардиши он чашми шухабтар кунад бозӣ.
Қадаҳ лабрези ҳайрат гардаду мино ба рақс ояд,
Дар он мазфил ки он шӯхи парипайкар кунад бозӣ.
Ба ҷуз машшотаи ҷоду, ки дорад набзи гесӯяш,
Чунин море магар дар дасти афсунгар кунад бозӣ.
Шуҳуди нози ӯ хунгармие дорад, ки аз шавқаш,
Чу набзи мавҷи ҷавҳар дар дами ханҷар кунад бозӣ.
Бизоат нест беш аз мушт хуни бисмили моро,
Гул охир ранг хоҳад бохтан гар сар кунад бозӣ.
Зи гарди изтироби дил нафас дар синаам хун шуд,
Бигӯ ин тифли шух аз хона берунтар кунад бозӣ.
Нигаҳро маҳрами дил созу фориғ кун зи афлокаш,
Чу тифлон то ба кай бо ҳалқаҳои дар кунад бозӣ.
Фазои пар задан тангаст дар ҷавлонгаҳи имкон,
Шарори мо магар дар олами дигар кунад бозӣ?
Ба зери чарх аз инсон, ҳарзаи ҷавлоне намеояд,
Магар бузинае бошад, ки дар чанбар кунад бозӣ.
Дили хурсанд бар ҳар кас зи шавқ афсун дамад Бедил,
Дар оташ ҳам ҳамон чун шамъ гул бар сар кунад бозӣ.
Луғат
Бизоат- чизу чора , мол , дороӣ.
В-ин ҳарфи муаммо на ту хониву на ман.
Ҳаст аз паси парда гуфтугӯи ману ту,
Чун парда барафтад, на ту мониву на ман.
Бо Рудакиву бо Хофизи Шерози.
Вакт аст сари минбари озоди сухан,
Хаёми дигар Хофизи дигар сози.
Ин шадахои суфта чу марвориду марчон ,ин мисрахои нобу нодиру нотакрор аз шоири шахиру шакаргуфтор,хакгуву оташнафас Лоик аст.Синаи модари точик чашмаи аклу хирад аст ва човидон чори хохад буд.Гуфтори хирадмандонаи бузургони мо моро роххои карибу наздик ба манзили орзухои неку начиб ба суи бахори хушк нашавандаи зиндаги мерасонад.мо бояд ин меросро мукарар чун чашмаи хушкнашавандаи илму ирфони рабони поку покиза, софу мусафо нигох дорем.Дар рохи росту равиши онхо бошем.Бо фахму фазлу фазилати волои точики ба хазинаи фарханги хеш чавохиротхои нав ба нав ворид намоем.