Предыдущая публикация
Ҳар марди шутурдор Увайси Қаранӣ нест,
Ҳар шишаи гулранг ақиқи яманӣ нест.
Ҳар сангу гиле гавҳари ноёб нагардад,
Ҳар Аҳмаду Маҳмуд расули маданӣ нест.
Бар мурдадилон панд мадеҳ, хеш маёзор,
Зеро, ки Абуҷаҳл мусалмон шуданӣ нест.
Бо марди Худо панҷа маяфкан чу Намруд,
Ин ҷисм халил аст, ки оташ заданӣ нест.
Хушнуд машав душман агар кард муҳаббат,
Хандидани ҷаллод зи ширинсуханӣ нест.
Ҷое, ки бародар ба бародар накунад раҳм,
Бегона барои ту бародар шуданӣ нест.
Сад бор агар доя ба тифли ту диҳад шир,
Ғофил машав эй дуст, ки модар шуданӣ нест.
📜 Девони Кабир
🌺 🌾 🌸 🌿 💮 🍂 🍃 🌹🌻 🌼🌷🍁
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев