Бомдоде, ки тафовут накунад лайлу наҳор,
Хуш бувад домани саҳрову тамошои баҳор.
Офаринаш ҳама танбеҳи Худованди дил аст,
Дил надорад, он кӣ надорад ба Худованд иқрор¹.
Булбулон, вақти гул омад, ки биноланд аз шавқ,
На кам аз булбули масте ту бинол эй ҳушёр.
Ин ҳама нақши аҷаб бар дару девори вуҷуд,
Ҳар, ки фикрат накунад, нақш бувад бар девор.
Куҳу дарёву дарахтон ҳама дар тасбеҳанд,
На ҳама мустамеъе² фаҳм кунад ин асрор.
Хабарат ҳаст, ки мурғони саҳар мегуянд:
«Охир эй хуфта сар аз хоби ғафлат бардор!»
Кӣ тавонад, ки диҳад меваи алвон³ аз чуб?
Ё кӣ донад, ки барорад гули садбарг аз хор.
Ҳар ки имруз набинад асари қудрати У,
Ғолиб он аст, ки фардош набинад дидор.
Поку беайб Худое, ки ба тақдири азиз,
Моҳу хуршед мусаххар кунаду лайлу наҳор.
То қиёмат сухан андар карами раҳмати У,
Ҳама гуянду яке гуфта наёяд зи ҳазор .
Неъматат, бор Худоё, зи адад берун аст,
Шукри инъоми ту ҳаргиз накунад шукргузор.
Ноумед аз дари лутфи ту куҷо шояд рафт,
Тоби қаҳри Ту наёрем, Худоё, зинҳор!
Феълҳое, ки зи мо дидию напсандидӣ,
Ба худовандии худ парда бипуш, эй Саттор.
Саъдиё, ростравон гуи саодат бурданд ,
Ростӣ кун, ки ба манзил нарасад каҷрафтор.
Ҳаббаззо⁴ умри гаронмоя, ки дар лағв бирафт,
Ё раб, аз ҳар чӣ хато рафт, ҳазор истиғфор.
📋 Луғот:
¹иқрор - эътироф намудан, рост шуморидан
²мустамеъ - шунаванда, гушкунанда
³алвон - гуногун, рангоранг
⁴ҳаббазо - калимаи нидо, офарин, аҳсан
🏵️ 🌺 🌾 🌸 🌿 💮 🍂 🍃🌹🌻 🌼 🍁
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3