Предыдущая публикация
Раҳмате бар хотири уммедвори ман баред!
З-ин диёру шаҳр тангам, шаҳриёри ман куҷост?
Лутф ореду маро дар шаҳри ёри ман баред!
Ё ба ман аз хоки пояш сурмаворе оваред,
Ё маро дар раҳгузори шаҳсавори ман баред!
Ман қатили ғамзаи нози нигори навхатам,
Пай бад-ин маънӣ зи райҳони мазори ман баред…
Гар ҳамехоҳед ҷон осон диҳам ҳангоми назъ,
Ҷойи такбиру тиловат номи ёри ман баред!
Дар парешонрӯзгорӣ гар равад Айнӣ зи даҳр,
Ҷамъ биншинеду ёд аз рӯзгори ман баред!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев