Ашки чашмонамро дошта натавонистам! Ё Аллоh!
Пас аз якчанд соли оиладори занам аввалин фарзандамонро таваллуд кард. Ман он шабро хеч фаромуш карда наметавонам. Он шабе буд бехоби харчанд дар гайбату суханхои бемаъни аммо пурра бехоби.
Рости ман як хазлгар будам ва хамаро механдонадам, шухихои бемаъни мекардам ва нафареро масхара мекардам ва дустонам аз ханда суст шуда гуиё ба « оташ равган мерехтанд»! Хатто ман метавонистам овози нафареро то хадде ба у монанд таклид кунам ва метавонистам касер ки набошад таклидкунон тамоми одамонро ончунон хандонам ки аз хандаи зиёд хатто аз чой хеста натавонанд.
Хатто баъзе аз одамон аз ман мегурехтанд чунки метарсиданд ки ман онхоро масхара мекунам ва таклид мекунам. Бовар кунед он шаб ман дар бораи як марди «кури» талбанда накл мекардаму ки ман дар як бозор уро масхара карда будам. Ман уро пешпо додаму ин гадо даруни лою чал афтид ва харчанд харакат мекард аз чой бархеста наметавонист. Мардуми атроф аз ханда суст шуда буданд вакте медиданд ки ин мард худро бардошта наметавонад.
Ман хамаруза шабона дер ба хона меомадам. Занам ки хомила буд ва наздики таваллуд куниаш буд хавотир мешуд. Як шаб у бо овози ларзон пурсид ки:
- Рашид ту кучо буди?
- Дар Марс будам- назди нафарони чун худам дар мехмони!- боз хам шухи кардам ман.
Вай ба назар бехолу мадор шуда менамуд ва бо чашмони пур-ашк гуфт:
-- Рашид ман сахт беморам, ту хатто тасаввур карда наметавони то чи андоза. Рузу соати таваллуд хам наздик аст.
У харчанд лабхояшро газида сухан мегуфт ва ашк аз чашмонаш чори мешуд. Ман он вакт фахмидам ки занам бояд таваллуд кунад ва ман ба ин каме чиддитар назар кунам, зиёдтар ба у вакт чудо кунам. Ман зуд уро ба беморхона бурдам.
Занамро ба хучраи таваллуд дароварданд ва у соатхо дар он чо азоб мекашид. Ман босаброна интизор будам. Таваллуд кардан ба вай вазнин буд ва ман бетокат шуда ба хона рафтам. Дар беморхона раками гушии (мобили) худро мондам то ба ман хабар диханд гар таваллуд кунад.
Такрибан пас аз соате ба ман занг зада аз таваллуди фарзандам бохабар карданд. Ман давон давон ба беморхона шитофтам. Аввалин чизе ки пурсидам ин раками хучраи занам буд. Аммо ба ман гуфтанд ки ман бояд ба назди духтур ба консультация дароям.
Ман намефахмидам ки чи мегуям ва бо хашм: -Кадом духтур? Ба ман кудакро нишон дихед.
Ба ман гуфтанд: - Майлаш, аммо аввал шумо бо духтур гап занед.
Ман ба назди он духтурзан даромад ва у гуфт ки:
- зоиш вазнин буд ва ман бояд ба такдир тан дихам чунки кудак мумкин ки набинад чун у кур таваллуд шудааст.
Ман сарамро капидаму он лахзахоеро ба ёд овардам ки он гадои курро ин кадар азоб додам, пешпояш додам ва масхарааш хам кардам.
Аллоhу Акбар! Ин чи шуд? Ман лахзае ба худ наомадам. Сипас ба ёдам занаму кудакам омад. Ман духтурро рахмат гуфтаму ичозат хостам наздашон дароям. Занам мардонавор ба такдир тан дода будааст. Вай «шукронаи Аллоh»-ро мекард аз он чи ки додааст. Вай ба ман гуфт ки мумкин ин ба ту дарси ибрат шавад то мардумро масхара накуни.
Занам танхо такрор мекард:
-Мардумро масхара накун. Масхара накун!
Якчанд руз пас онхоро ба хона чавоб доданд ва ман писарамро Салим ном ниходам. Рости ман будани чунин фарзандро токат надоштам, у хаст ва ё нест!? Вакте ки у мегирист ман асаби мешудам, ба дигар хучра гузашта дару тирезахоро сахт мепушидам ва хоб мекардам.
Хамин тавр солхо гузашт. Пас аз Салим занам Умару Холидро таваллуд кард. Салим хам байни онхо бузург мешуд. Ман дар хона шиштаанро намехостам. Зиёди вакти худро миёни дустон мегузаронидам. Дар асл ман хамчун як «бозичаи масхарачи» будам дар дасти онхо. Ман чун масхарабози цирк шуда будам барои онхо. Аммо аз тоъату ъибодат ман парвое надоштам.
Занам бошад умед дошт ки ман дигар мешавам. У асаби мешуд аммо дар асл дили у ба ман месухт. Зиёдтар уро он асабони мекард ки ман зид бо дигар кудаконам банд мешаваму аммо Салимро намебинам.
Салим бузург шуд- нигохубини у хам гуиё бузург шуд. Занам вакте хост уро ба яке аз мактабхо барои курон монад ман зид нашудам. Хамин тавр боз якчанд сол гузашт. Ман зиндагии хайвон-монанде доштам:
- Хар руз кор, хоб, хурдан ва боз хамон масхарабозихоям!Як рузи чумъа……….
Ман соати 11-и руз аз хоб хестам. Ман он руз ба як туй даъват шуда будам. Дасту руй шуста либос пушидам ва хостам аз хона бароям. Дар долон чашмам ба Салим афтид ки аз сузи дил мегирист. Ин гуиё аввалин бор буд ки ман ба у ахамийят додам дар ин 10-11 соли умраш.
Дар асл вакте ки у мегирист модараш уро ором мекард. Ман ба назди Салим омадам ва пурсидам ки:
- Салим! Чаро гиря мекуни?
Вакте Салим овози манро шунид хомуш шуд. Вай фахмид ки ман наздаш хастам ва мебинам уро. У заминро дошта худро як тараф мекашид- ман фахмидам ки у мехост аз ман дур шавад гуиё ман бегонаам. У гуфт:
- Акнун ту маро мебини? Ин 10 сол кучо буди? – у пешпо хурон ба суи хучрааш шитофт. Дар аввал у намехост сабаби гиряаашро ба ман гуяд, аммо ман бо у дар сухбат шуда илтимоси зиёд кардам ва у гуфт:
- Бародарам Умарчон бояд маро ба масчид ба намози чумъа мебурд. Аммо у дер карда истодааст ва ин сабаби он мешавад ки дар сафхои аввал чои нишаст намеёбад. Ману модар харчанд Умарчонро кобем хам у нест. Ин аст сабаби гиряи манн.
Ман дидам ки дар чашмони нобинои у оби дида зиёд чори буд. Уро ба огуш гирифта сарашро сила кардам ва гуфтам:
- Ин аст оё сабаби ин бетокатии ту?
- Ха хамин аст!- чавоб дод Салим.
Танхо хамон рузу соат ман ёру дустонамро фаромуш кардам ва гуфтам:
- Зик нашав Салимчон! Медони ки ки имруз туро ба масчид мебарад?
- Умарчон ваъда доду аммо хама вакт у дер мекунад!- чавоб дод у.
- Не. Ман туро ба масчид мебарам имруз! – гуфтам ман.
Салим хайрон шуд, у бовар намекард ва гумон мекард ки ман масхарааш мекунам ва боз хам ашки чашмонаш беист чори шуд. Ман ашки чашмонашро пок карда дастаконашро доштам.
Хостам ки бо мошин уро ба масчид барам – аммо у рози нашуд ва гуфт ки масчид наздик аст маро пиёда бар. Рости мани ба ном Мусалмон ёдам набуд ки кай охирин бор ба масчид рафта будам. Аввалин бор буд ки ман ба хаячон омадам. Хаячони ман аз он ки манро Худованд сихативу саломати додаасту ман вактамро ин кадар бехуда гузарондаам.
Масчид пур аз намозхонон буд-аммо ман барои Салим дар сафи аввал чои нишаст ёфтам. Мо нишаста мавъизаи эмомро гуш мекардем ва сипас у намоз хонд дар барам( дурусташ ман назди у намоз хондам).
Сипас Салим пас аз намоз аз ман хохиш кард то Куръон ба у дихам. Ман хайрон мондам:
-чи тавр ин кудаки «кур» Курьон мехонда бошад?
Ман ин хохиши уро бемаъни гумон кардам- аммо аз тарси он ки уро гамгин накунам барояш Курьон оварда додам. У аз ман хохиш кард ки сураи «Кахф»-ро барояш кушоям.
Харчанд ин хатти Курьон бароям аз кудаки наздик буд аммо ман онро дер боз нахонда будам. Ман мундаричаро дида он сураро ёфтам. Сипас у Курьонро гирифта пешаш гузошт ва хонданро сар кард. Хатто ки чашмонаш намебинанду у мехонад. Ё Аллоh! У он сураро пурра аз ёд медонист.
Ман шарм доштам ва ман хам Курьоне гирифта хонданро сар кардам. Сахифа ба сахифа, аз Худованд ин дам тавбаву зори мекардам ва аз У (j.j) мепурсидам ки маро ба рохи «рост» hидоят кунад.
Чун сахт ба хондани Курьон машгул шудам нафахмидам ки чи тавр чун кудакон ба гиря даромадам. Баъзе мардумон баъд аз намоз намозхои нофила мехонданд ва ман аз онхо шарм кардам ва харакат кардам худро ба даст гирам.
Аммо ин ба ман муяссар намешуд ва ман танхо як чизро хис мекардам- ин хам дастакони кудакии писарам буд ки оби дидаамро пок мекард. Ман уро сахт ба огуш гирифтам ва ба у гуфтам:
- Ту кур нести писарчонам! Ту кур нести! Ман куру карам! Ман на медидам ва намешунавидам ки ин беаклии ман маро ба Чаханнам наздик меорад.
Вакте ки мо ба хона омадем занам сахт хавотир буд барои Салим. Аммо ин хавотирии у ба гиряи шоди мубаддал шуд вакте ки у фахмид ки мо якчо намоз хондем. Аз хамон рузу соат ман ягон намозро казо намекунам. Ман дустони «хайвонсифати» худро фаромуш кардам ва аз онхо дур шудам. Аммо дустони наву бехтаре ба худ ёфтам дар масчид. Аз ин дустоне ки аз бародарон хам наздиктаранд ман зиёд чизхоро омухтам: аз хама некаш маззаи Эмонро хакикат чашидам. Аз онхо фахмидам ки ин зиндагии «БеХудоги» маро кару кур карда буду «дунё» маро ба худ ошик карда буд.
Аз ин пас ман харакат мекардам зиёдтар бо онхо бошам, якчо Курьон хонем, намоз хонем, ёди Аллоhро кунем. Хатто дар мохе як ду бор пурра Курьонро мехондам ва забонам зиёд ёди Аллоhро мекард. Ман акнун зиёдтар оилаамро дуст медоштам ва харакат мекардам бо онхо зиёдтар вакт гузаронам.
Акнун занам аз ман хавотир намешуд. Дар лабони Салим бошад табассум хама вакт пайдо буд. Ман Аллоhро зиёд миннатдори мекардам ки ин кадар «неъматхояшро» бароям арзони ато кардааст.
Як руз 1-2 бародар пешниход карданд ки ба маъракае ба як вилояти дуре равем ва чун он мардум ба «забон» Мусалмон буданду дар асл чун пештара ахволи ман аз эмону Ислом дур буданд каме ба онхо мавъизахо аз тоъату ъибодат, халолу харом, тавхиду щирк барпо кунем. Он сафар муддате дароз тул мекашид.
Ман хам тайёри дидам барои ин сафар ва дуъо кардам то Аллоh дар ин кор ба мо баракат ато фармояд ва бо занам маслихат кардам. Ман гумон кардам ки у зид мебарояд- аммо барьакси хол шуд. Ман худро хушбахт хис кардам. Чун хар вакто ки пеш кучое мерафтам бо у маслихат намекардам ва намегуфтам кучо меравам. Сипас ман ба Салим мурочиат кардам ва гуфтам ки сафар дорам. У маро сахт огуш кашиду бо ман хайру хуш кард.
Се мох ман аз оила чудо дар сафар будам. Хар гохе ба ман муяссар мешуд ман ба онхо занг мезадам ва овози онхоро мешунидам. Ох чи кадар ман онхоро ёд карда будам ва чи кадар аз хама зиёд Салимро ёд кардам. Аммо хеч ба ман муяссар намешуд ки уро дарёбам ва овозашро шунавам. Мегуфтанд ки ё дар мактаб аст ва ё дар масчид. Вакте ман ба занам мегуфтам ки Салимро зиёд ёд кардам у хурсанд мешуд ва механдид. Аммо охирин бор овози занам маро хавотир кард. Вай чи хел гамгин буд ва чун одат намехандид.
Ман ахамийят додам ки овози у дигар шудааст. Аз у хохиш кардам ки саломи маро ба Салимчон бирасон. Вай дар чавоб гуфт ки: Ин Шо Аллоh! ва хомуш монд.
Ман ба хона баргаштам. Дарро куфтам. Интизор будам ки дарро Салим мекушояд. Аммо дарро писари хурдиам Холид кушод ки нав чор сола мешуд. У хурсандона маро огуш гирифту : Падар, падарчон! –мегуфт.
Намедонам чи сабаб шуд ки дар дилам як хаячони хузнангезе пайдо шуд вакте ба хона даромадам ва гуфтам: Аъузубиллаh!
Сипас занам пешам баромаду ахамийят додам ки рангу руяш дигар шудааст. Гуиё ки аз чехрааш хурсандиву табассуму хундаро тоза карда бошанд. Аз у пурсидам ки ба ту чи шуд. Чавоб дод ки: - Хеч чиз!
Ман Салимро ба ёд овардаму пурсидам: -Салимчон кучост? Ва ин замон Холиди хурдакак зуд чавоб дод ки:
- Салим пеши Аллоh (j.j) рафт! У дар Бихишт аст!
Дигар занам худро дошта натавонисту доду фигони сахте баровард ва пойхояш ба ларза даромад. Ман уро доштаму ба миз шинондам. Сипас ман фахмидам ки ду хафта пеш аз омадани манн Салим сахт бемор шудааст. Уро табларза фаро гирифтааст ва занам уро ба беморхона бурдааст. Таб хеч нафуромадаасту хамин тавр jон аз танаш баромадааст!
Ин хамон вактест ки замин барои ту танг мешаваду дилат хеч як чизеро ба ёд намеорад гайри он ки гуи: Ё , Аллоh! Ё , Аллоh!!!!!!!
---------------------------------------------
-------------------------------------------
Ъибрат:
Ё , Аллоh!!!!!!!! Ин киссае ки бо яке аз бародархои Эмонии мо дар ин замон рух додааст бар он нафароне рохи «беХудогиву БеЭмони», рохи «бешармиву беХаёги», рохи «Фиску Фучур», рохи «Кибру Гурурру» хар он чи ъамалеки Шайтони Лаъин аз он хурсанд мешавад ба худ пеша кардаанд дарси ъибрат бигардон! Онхоро аз ин роххои «палид» бозгардон ва Эмони Исломи атояшон гардон чунон чи ба ин бародар ато фармудаи!
Бидонанд ки сад сол хам умр бинанд ва ё 20- ё 30 аммо бозгашти хар якеашон назди Туст! Пас бо он тушае ки Шайтони Лаъин онхоро ба чамъоварии он равона кардааст танхо ва танхо нофармонист ба суи ТУ! Онхоро ба роххое равона бикун ки Ту аз он хурсанд шави на Шайтони Лаъин! Сипас Бихишти Човидонатро ба хар яки мо бонасиб гардон!
!!!!!!!!!Илоhо он нафаре ки ин киссаро тарчума кард ва нафаре ки бар бандагонат расонд сохиби савобу ачре бигардон ва дар рохи Хак устуворашон бигардон! Ба онхову чамии Мусалмонон баракатхо дар касбу кор, ъумру зиндаги ато фармо ва тамоми Неъматхоятро бар онхо арзони ато фармо! Омин!!!!
Як нукта басаст агар шуур аст!
Варна чу чарог пеши кур аст!
Харкиро ки шуур аст ин кисса дарси ъибрат хохад шуд- вагарна нафароне ки ъибрат намегиранд хамон карону куронеанд ки на мехоханд бубинанд ва на мехоханд шунаванд! Ин «тоифа» мардум танхо рузи «чазо» хушёр хоханд шуд- аммо он рузу соат танхо барояшон пушаймонисту пушаймони!
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев