Онон замини пурбаракате ҳастанд, ки маҳди пурмеҳри онон, заминасози парвариши насли одамиён ва оғӯши гармашон, бистари муносибе барои рушду шукуфоии истеъдоди фарзандон мебошад.
Дар Қуръони Маҷид, ҳудуди нуздаҳ бор аз эҳсон ва некӣ ба падару модар сухан ба миён омадааст ва аҳамияти он то ҷое аст, ки пас аз тавҳид ва парастиши Парвардигор, некӣ ба падару модар аз муҳимтарин супоришҳои Худованди Мутаол аст. Шукргузорӣ аз падару модар дар канори шукргузории Худованди Мутаол ёд шудааст.
Ошноӣ бо мақом ва каромати падару модар ва фарогирии равиши эҳсон ва некӣ ба онон, дар ҳақиқат нишондиҳандаи каромат ва бузургвории инсон ва дастёби ба рамзи мувафаққият дар дунё ва охират мебошад, ки қасд дорем бо истифода аз оёти Қуръони Маҷид ва ривоёт дар ин маврид баҳс кунем.
Ин эҳсос дар вуҷуди тамоми одамиён нуҳуфтааст. Эҳсон ба падару модар посухи ночиз дар баробари заҳамоти тоқатфарсои онҳо қабл аз таваллуд то ҳангоми рушду булуғ ва пас аз он аст. Қуръон мефармояд: "Мо ба инсон супориш кардем, ки ба падару модараш некӣ кунад. Модараш ӯро бо сахтӣ ва нороҳатӣ бор мекашад ва бо нороҳатӣ ӯро вониҳодааст ва даврони ҳамл ва аз шир гирифтанаш сӣ моҳ аст, то замоне, ки ба камоли қудрат ва рушд бирасад".
Аз ин ояи шарифа ба хубӣ ошкор мешавад, ки виҷдони тамоми инсонҳо, дар ҳамаи давронҳо пазирои супориши Худованд дар бораи эҳсон ба падару модар мебошад. Аз ин рӯ падару модар дар гардани мо ҳаққу ҳуқуқе доранд, ки ба бархе аз онҳо ишора хоҳем намуд.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев