Дар ҳамин радиф, Мирзои Ҳоҷимуҳаммад масъули интихоботии шуъбаи ҳизб дар вилояти Суғд низ мегӯяд, субҳи имрӯз дар бозори "Панҷшанбе"-и шаҳри Хуҷанд як гурӯҳ милисаҳо соҳибкорони бозорро маҷбур мекарданд, ки ришҳояшонро тарошанд. Ӯ мегӯяд кор то ҳадде расида, ки кормандони милиса чанд ҷавони ришдорро зуран аз ҷои корашон ба сартарошхона ё ШКД бурданд ва ҳамин тавр ба чанд нафари марди ришдори дигар беасос даъватнома додаанд, то ба идораи пулис ҳозир шаванд. Сино Ҳасанзода, масъули бахши ҳизб дар шаҳри Панҷакент низ мегӯяд, Имомиддин Раҳматуллоев масъули ҷавонони бахши ҳизб дар шаҳри Панҷакент ба ӯ занг зада хабар додааст, ки милисаҳо ӯро назди бинои ШКД оварда, мехоҳанд ришашро маҷбуран битарошанд. “Вақте, ки назди бародар -Имомиддин омадам афроди пулис аллакай ӯро ба сартарошхона даровардаанд, вале баъди як суҳбати кӯтоҳ аз тарошидани риши ӯ даст кашиданд.” Ба назари масъули ҳизб дар шаҳри Панҷакент, дидани ҷавонони ришдор дар кӯчаву бозорҳо барои ҷанобону чиновникҳои шаҳр сахт нороҳаткунанда будааст, вале ҷанобон ба ҷойи поймолсозии ҳуқуқи конститутсионии бародарони ришдор мебоист бо дидани ишон чашмонашонро пӯшанд, то аз дидани афроди ришдор нороҳат нагарданд, афзуд С. Ҳасанзода. Шавкати Муҳаммад, масъули бахши ҳизб дар ноҳияи Ашт ва таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, тарошидани риши соҳибкорон ин дар таҷриба бори аввал набуда, чанд сол қабл дар бозори Истаравшан ҳам чунин иқдом сурат гирифта буд ва ҳоло дар баъзе шаҳру навоҳии вилоят ин амал идома ёфта истодааст. “Иҷозат надодани акси ришдор дар шиноснома ва ҳуҷҷати ронандагӣ, фаолияти соҳибкорӣ бо риш ва ғайра як намуди санҷиши вазъи сиёсии ҷомеъа аз ҷониби мақомот аст. Ҷомеъа ба ин гуна санҷиш тоб оварда тавонаду мағал накунад, итоъаткорона ин таҳмили мақомотро иҷро кунад, бояд ҷомеъа дар интизори як мазҳакаи дигари дунявикунонии ҷомеъа аз тарафи мақомот бошад. Ин ҳама зоҳиран дунявикунонии ҷомеа аз тарафи мақомот асту халос.” Ба андешаи таҳлилгар, мақомдорони мо хоҷагони дунявиятхоҳашонро аз худ қонеъ карда натавониста истодаанд. Чун тамоми кӯчаву паскӯчаҳо масоҷид пур аз афроди намозхон, аксарияти соҳибкорон сатрпӯшу мардонашон ришдор мебошанд. Ин ҳолат ба мақомот писанд нест, зеро онҳо наметавонанд бигӯянд, ки мо аз ҳисоби диндорон ҷомеъаро аз рӯҳияи мазҳабӣ ба рӯҳияи дунявӣ гардонида истодаем. Инаст, ки онхо кӯшиш карда истодаанд ҳадди ақал зоҳири моро дунявӣ кунанд. Аммо ин ҳолат ба ҷуз худфиребӣ чизи дигаре нест. Зеро дигар наметавон аз зоҳир инсонро ба куллӣ шинохт, афзуд Шавкати Муҳаммад. Ин амали мақомот дар ҷомеъае ба роҳ монда мешавад, ки 97 дарсади ҷамъияти онро мусалмонон ташкил намуда, лофи мусалмонӣ мезананд. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки дар моддаи 5 - уми Сарқонуни кишвар омадааст, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд ва ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Магар мондан ё намондани ришро кадом моддаи қонун мушаххас кардааст? Пас куҷоянд ҳомиёни ҳуқуқ то аз ҳуқуқи мардуми худ дифоъ кунанд?
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1