⭐️ Бонки "Арванд" бо ифтихор хабар медиҳад, ки кормандони он дар чорумин эко-ниммарафони байналмилалии кӯҳии “SEVEN LAKES - 2025”, ки дар манзараҳои зебои Ҳафткӯл баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.
💫 Ин чорабинии бузург, ки ба ифтихори солгарди истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи варзишгарон баргузор шуд, беш аз 200 нафар варзишгарон ва дӯстдорони давро аз даҳ кишвари ҷаҳон муттаҳид намуд. Кормандони бонки мо бо роҳи давидан дар масофаҳои гуногун, иродаи қавӣ ва руҳияи якдилиро нишон доданд.
🏃♀️➡️ Иштироки фаъолонаи кормандони мо нишонаи он аст, ки Бонки "Арванд" на танҳо ба рушди соҳаи бонкдорӣ, балки ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, варзиш ва ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳи хос дорад.
Мо бо дастаи худ ифтихор мекунем!💙
#БонкиАрванд #SevenLakes2025 #Марафон #Варзишгарон #ҲаётиСолим #Ҳафткӯл #Панҷакент
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев