Тоати шоистаи Рахмон накардам вой-вой.
Амру нахйи Хак таъолоро наёвардам ба чой.
Хондаму донистаму фармон накардам вой-вой.
Рахзани имон маро аз рохи Хак гумрох кард.
Пушт бо феъли бади шайтон накардам вой-вой.
Умрро барбод додам бе муносиб хайф-хайф.
Хокбози хамчу он тифлон накардам вой-вой.
Аз барои тушаи фардо накоштам донае.
Як гул аз боги амал хандон накардам вой-вой.
"Иннамо амволукум авлодукум"-ро хондам.
Як назар бар ояти Куръон накардам вой-вой.
Дар пайи некон нарафтам чун саги Асхоби Кахф.
Чанд рузе хидмати мардон накардам вой-вой.
На тавофи Каъбаву на хидмати сохибдилон.
Ёди хашру тобеи мизон накардам вой-вой.
Аз киёму аз кууду аз рукуъу аз сучуд.
Як амал муставчиби аркон накардам вой-вой.
Ё Илохи чурми моро ба лутфи худ бубахш.
З-он, ки ёд аз тавбаву эхсон накардам вой-вой.
www.instagram.com/arara.tj
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4