Баъд аз он ки шафақи ҷониби офтобшин нопадид гашта, осмонро пурра торикӣ фаро гирифт, вақти намози хуфтан шурӯъ мешавад. Намози хуфтану витрро то дамидани субҳ хондан мумкин аст. Агар шахсе, ки ба бедор истоданаш боварӣ дошта бошад, дар сеяки охирини шаб метавонад хуфтанро бихонад. Ин мустаҳаб аст. Чунончӣ, Абуҳурайра (р) аз ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) ин ҳадисро нақл кардааст: "Агар бар умматонам вазнин намешуд, онҳоро амр мекардам, ки хуфтанро то сеяки шаб ё нисфи он ба таъхир меандохтанд".
Намози хуфтан аз 4 ракаат фарз ва 2 ракаат суннат иборат аст. Намози витр се ракаат буда, хонданаш воҷиб мебошад. Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) фармудаанд: "Касе, ки хавф дошта бошад ба ин ки дар охири шаб наметавонад бедор шавад, дар аввали вақт витрро ҳамроҳ бо намози хуфтан бихонад. Ҳар кас умед дошта бошад, ки охири шаб бедор мешавад, пас он шахс намози витрро дар охири шаб бихонад. Зеро ҳангоми хондани намози охири шаб фариштагон ҳузур меёбанд ва ин афзал аст.
Баъди азону иқомат чор ракаат фарзи хуфтан ният карда мешавад. Онро мисли чор ракаат фарзи пешин ё аср мехонанд. Яъне, дар ду ракаати аввал ба сураи "Фотиҳа" як сураи дигар илова карда мешавад. Дар ду ракаати боқимонда сураи "Фотиҳа"-ро танҳо мехонанд.
Ду ракаати аввали намози витр низ мисли дигар намозҳост. Дар ракаати сеюм баъди сураи "Фотиҳа" як сураи дигар хонда, сипас "Аллоҳу акбар"- гӯён дастҳоро ба нармии гӯш расонида, боз ба зери ноф гирифта мешавад. Баъдан дуои "Қунут" мехонанд. Намози витр охирин намози шабонарӯзист. Ғайр аз намозҳои фарзу воҷибу суннат боз намозҳое ҳастанд, ки нафлианд. Чунончӣ, "Намози шукри вузӯъ" (баъди таҳорат кардан), "Таҳияи масҷид" (ҳангоми ба масҷид ворид шудан), "Намози ҳоҷат" (ҳоҷати хайр хостан), "Намози сафар", "Намози таҳаҷҷуд" (нисфишабӣ). Ин намозҳоро дар сурати вақти кофӣ будан мехонанд. Ба хотири намозҳои нафлӣ аз намозҳои фарзӣ дер мондан ҷоиз нест.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев