1 Манъ аст занро, ки сарашро битарошад, бинобар хадиси ривояткардаи Насои аз Наби (алайхис- салом) .
2 Нишонаи булуг дар зан ба ду чиз, яъне хайз ва бордоршави аз мардон бештар аст.
3 Чоиз нест, ки зан азон ва икомат бигуяд, зеро савташ сабаби фитна аст.
4 Тамоми баданаш аврат аст.
5 Овазаш аврат аст. Бинобар ин, Расулуллох (алайхис-салом) хангоми гузаштани касе аз пеши намозаш дар хадиси муттафакун алайх, фармуда:
" Тасбих аз барои мардон ва тасфик ( ду дастро бо хам задан) аз барои занон аст."
6 Дастонашро дар намоз баробари гушхояш мисли мардон намебардорад.
7 Кироъати ба овози баланд дар намози чахри намекунад.
8 Чун дар намоз зарурат ба чавоб додан шавад, ё гузарандаро аз пеши намозаш дур сохтани шавад, ду дасташро ба хам мезанад ( яъне карсак.)
9 Барои мардон имом шуда наметавонад.
10 Ба масчид хозир шуданаш макрух ва намозаш дар хона афзал аст.
11 Чумъа бар вай вочиб нест.
12 Сафар ва хач бе махрам ичоза надорад ва хангоми аз ихром берун шудан муйхояшро кутох месозад.
13 Дар намози чумъа ва гайраш хутба намехонад.
14 Хангоми ихром чоиз аст, ки муза пушад.
15 Тавофи видоъро аз чихати узри хайзаш тарк мекунад ва тавофи кудумро таъхир, то ки тохир шавад.
16 Занро панч кафан – изор, руймол, курта ва ду чодар кунанд.
17 Чоиз нест, ки аз пушти тобут биравад.
18 Дар масъалаи худуд ва кисос шаходаташ кабул карда намешавад.
19 Чоиз аст, ки даст ва пояшро хино бандад, бархилофи мардон.
20 Нисфи мард дар ирс, шаходат, дият, акика ва итх хак дорад.
21 Хакки у дар тарбияи атфол аз мардон мукаддам дониста мешавад.
22 Хангоми аз Муздалифа ба Мино омадан кабл аз мардон мераванд.
23 Чун хамрохи мардон намоз бихонанд, дар сафи охир меистанд.
24 Дар чаноза назди имом аввал чанозаи мард ва сипас аз занро мегузоранд.
25 Дар окила дохил набуда, дият бар у вочиб нагардад.
26 Бо хамрохии мардони ачнаби ва бегона сухбат ва хилват карданаш харом аст.
Валлоху таъоло аълам биссавоб!
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев