Ҳамду ситоиш Худоеро ки Парвардигори тамоми
оламиён аст, ва дуруду саломи бе ниҳоят бар
беҳтарини анбиё ва паёмбарон, Паёмбарамон
Муҳаммад (с) ва бар хонадону ёрону асҳобаш.
Аммо баъд:
Бародари мусалмонам: шаке нест, ки мусалмон
бояд ҳамеша машғули тоату ибодат бошад, то
ки нафсашро аз палидиҳо пок созад.
Ба хотири ҳамин тоатҳову ибодатҳо мавҷуданд,
ва ҳар инсон агар ҳарчи зиёд тоату ибодатҳоро
ба ҷо биёрад ҳамон қадар нафсаш пок мегардаду
бо Худо наздик мешавад, ва ҳар қадаре ки аз
тоату ибодат дур бошад, ҳамон қадар нафсаш аз
поки дур мешаваду ба фасоду палиди наздик
хоҳад шуд.Паёмбар (с) уматонашро аз фазли рузадории
шаш рузи моҳи Шаввол хабардор карда онҳоро
шавқманд месозад ки уро ба ҷо биёранд.
Паёмбар (с) мефармояд:
<من صام رمضان ثم أتبعه ستا من الشوال آان آصيام الدهر>
ʺҲарки моҳи Рамазонро руза бидораду баъд аз у
шаш рузи моҳи шаволро ҳамонанди инаст ки
гуё тамоми солро руза доштаастʺ.
Имом Навави мегуяд: барои он, савоби як сола
руза дориро мегирад, ки ҳар як ҳасана (кори
савоб) дар назди Худо даҳ баробар аст, ин чунин
моҳи Рамазон даҳ моҳ ҳисоб мешавад ва шаш
рузи рузаи шаввол ду моҳ, ва инҳоро ҷамъ кунем
мешаванд дувоздаҳ моҳ, яъне як сол.Огоҳи
Дар охир ногуфта намонад ки моҳи Шаввол
мувофиқ аст ба 10‐уми Сентиябр то 8‐уми
Октиябр.
Пас ҳар ки бихоҳад ки тамоми солро руза дошта
бошад аз 18‐уми июл то 15‐уми Август
шаш руз руза бигирад иншоолоҳ ҳамонанди
инаст ки бо рузаи Рамазонаш гуё тамоми солро
руза дошта аст.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев