Рамазон омаду равон бигзашт,
Буд моҳе ба як замон бигзашт.
Шаби қадре ба орифон бинмуд,
Ин маъони аз миён бигзашт.
Бародарон ва хоҳарони исломӣ! Тибқи хабаре, ки коноли Алҷазира пахш карда аст, моҳи нав дар Фаластин, Қатар Саудия ва дигар минтақаҳои мусалмоннишин дида шуда аст. Бино ба ин хабар фардо 1-уми моҳи Шаввол рузи иди Фитр мебошад.
Моҳи Рамазон моҳи раҳмат, моҳи мағфират ва моҳе буд, ки сабаби озод шудани мусалмон аз ҷаҳҳаннам мегашт, имшаб ба паён мерасад. Ва умед дорам ин моҳ бо сиёму қиёмаш ва бо муноҷоту қироъатҳои Қуръонаш мову шуморо лоиқи раҳмат ва мағфирати Худо қарор дода ва бо озод шуданамон аз ҷаҳаннам аз мову шумо инсони нав, инсоне, ки пас аз пок шудани номаи аъмолаш дигар онро бо маъсият (гуноҳ) сиёҳ намекунад, тақдим карда бошад.
Азизон! Иди фитрро, рузи чидани меваҳои шодоби моҳи Рамазон бароятон муборак бод мегуям.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев