Бародарону хоҳарони азиз! Инак мо дар остонаи падруд гуфтан бо моҳи мубораки рамазон қарор дорем. Моҳе, ки мактаби омузиш ва парвариш аст ва инсон дар ин моҳ худашро бо тарк кардани аз ҳаромҳо ва руза доштани рузҳояшу қиёми шабҳояш парвариш медиҳад.
Инак дар остонаи видоъ бо ин моҳи муборак қарор дорем. Рамазон меравад, вале аз мо мусалмонон хоҳиши онро дорад, ки рамазонпараст набошем, балки Худопараст бошем. Агар рамазон меравад, пас бидонем, ки Худои якто ҳамеша бо мост ва ҳаргиз аз мо то дами марг ҷудо нест. Пас биёед Худопараст бошем.
Дар ин рузҳои охири рамазон ва фарорасии иди саиди фитр ҳама бародаронро табрик ва таҳният гуфта, хоҳони онам, ки он чи дар рамазон ба даст овардем баъд аз рамазон онро аз даст надиҳем ва ҳамеша ва дар ҳарҷову макон бо ёду зикри Худо бошем.
Бародарону хоҳарон дар остонаи фарорасии иди Саиди Фитр мехостам ҳамагонро ба якчанд одобу аҳкоми ин рузи саид ошно кунам:
1) Пеш азоне, ки шахси рузадор барои адои намози ид биравад, закоти фирро ба муҳтоҷони мусалмон диҳад. Аз ҳама миқдори ками закоти фитр ин дар айни замон 5 сомни (нархи 2,5кл кандум) аст. Агар шахси рузадор ғани (бой) ё миёнаҳол бошад, аз нархи хурмои (арабӣ) ва ё мавиз бидиҳад афзал ва беҳтар аст.
Сардори хона метавонад аз ҷониби ҳаряк фарди хонадони худ (хурду калон) 5 сомони ё зиёдтар ҳисоб карда ба муҳтоҷону камбағалон диҳад. Закоти фитр бояд пеш аз намози ид дода шавад. Агар чанд руз пеш аз рузи ид диҳад ҷоиз аст. Агар дар ватан набошад, ихтиёр дорад закоти фитрро дар ҳамон маконе, ки қарор дорад бидиҳад ё касеро вақил кунад дар ватан аз номи у диҳанд.
2) Дар рузи саиди ид руза гирифтан ҳаром мебошад. Дар ин замина ривояте ҳаст, ки ҳангоми ид ҳазрати Умар (разияллоҳу анҳу) ба минбар баромада дар хутбааш гуфт: Эй мардумон бидонед, ки Паёмбари Худо (алайҳиссалом) аз руза гирифтани дар ду ид наҳй намуданд; аммо аввалӣ рузи шикастани рузаатон аст ва дуввумӣ рузест, ки дар он қурбониҳоятонро мехуред. (ривояти Бухорӣ).
3) Дар шаби ид мустаҳаб аст, ки бисёр такбир ва зикри Худо гуфта шавад. Худованд фармудааст: ва то шумораи (муқаррарро) комил кунед ва Худоро ба хотири он, ки ҳидоятатон кардааст ба бузургӣ биситоед ва бошад, ки шукргузорӣ кунед. (Бақара/185).
Гуфтани такбир аз ғуруби офтоби рузи охирини руза шуруъ мешавад ва то намози ид идома меёбад. Тариқаи гуфтани такбир чунин аст: Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар, ло илоҳа иллаллоҳу Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбару ва лиллоҳил ҳамд. Мустаҳаб аст, ки ин такбир баъди намозҳои фарзӣ се бор гуфта шавад.
4) Ғусл кардан ва пушидани беҳтарин либос ва хушбуӣ кардан дар субҳи ид мустаҳаб аст. Дар ин замина омадааст, ки ҳазрати ибни Умар (разияллоҳу анҳу) ки дар пайравии суннат маъруф буд чунин мекарданд.
5) Пеш аз рафтан ба намозгоҳ суннат аст, ки чизе ифтор кунад ва беҳтар хурдани хурмо аст. Дар ин замина ривояте аст, ки ҳазрати Анас (разияллоҳу анҳу) гуфтанд: Паёмбари Худо (алайҳиссалом) субҳи рузи иди Фитр ҷуз хурмо чизе намехурданд. (ривояти Бухорӣ).
6) Пиёда рафтан ба намозгоҳ мустаҳаб аст. Аз ҳазрати Алӣ (разияллоҳу анҳу) нақласт, ки фармуданд: Суннат аст, ки барои ид пиёда хориҷ шавӣ ва қабл аз хориҷ шудан чизе тановул намоӣ. (ривояти Тирмизӣ).
7) Табрик гуфтан ва шодбош гуфтани бародарони исломӣ дар рузи ид хуб аст. Ба далели ҳадиси Абуимомаи Боҳилӣ (разияллоҳу анҳу), ки ҳангоми бозгашт аз намози ид ба якдигар мегуфтанд: (Худованд аз мову шумо қабул кунад). (ривояти имом Аҳмад).
Ин баъзе одобу аҳкоми ид буд, ки мухтасаран ба шумо баён доштем. Хушо ба ҳоли касоне, ки рамазонро ғанимат шумурда дар ин моҳи пурфайз барои ибодату бандагии Худо камар бастанд ва дар ин рузҳои гарми тобистон ба азоби ташнагию гуруснагӣ нигоҳ накарда бандагии Аллоҳро карданд.
Худованд то рамазони оянда ҳамаи шуморо нигаҳбон бошад ва дар ин рузҳои муборак бародарони мусалмони худро, ки дар гушаву канори дунё мавриди қатлу азобу шиканҷа ҳастанд дар ҳаққашон дуои нек кунед, ки Худованд бар болои душманони ислом пирузашон кунад ва парчами исломро дар тамоми дунё партавафшон бикунад. Идатон муборак бод! Худованд тооти мову шуморо қабул фармояд! Омин
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев