Асли эътикофро шариъати Ислом мустаҳаб ҳукм намудааст ва вақте шахси муътакиф онро барои худ назр намуд эътикоф нишастан барои чанд рўзи муаян барояш воҷиб мегардад. Дар ҳар замоне, ки рўза гирифтан дар он ҷоиз бошад эътикоф нишастан дуруст мебошад, аммо беҳтарин замон барои эътикоф нишастан дар моҳи Рамазон мебошад ва махсусан дар даҳаи ахири он. Дар даҳ рўзи охири моҳи Рамазон эътикоф нишастан суннати муаккада ба ҳисоб меравад, зеро Паёмбари Худо (с) то замони вафоташон онро пайваста ва доимӣ анҷом додаанд. Аз ҳама беҳтарин ҷой барои эътикоф нишастан Масҷидулҳаром, яъне Хонаи Каъба мебошад. Ҷой ва мақоми дуввумро барои эътикоф нишастан Масҷиди Набавӣ соҳиб гашта ва дар ҷои сеюм эътикоф нишастан дар Масҷидулақсо, ки дар Байтулмуқаддас воқеъ аст меистад. Баъдан дар ҳар масҷиди ҷомеъ, ки намози ҷамоат ва адади намозгўзорон бештар аст эътикоф нишастан беҳтар ва ба ҳамин тартиб масҷиди маҳалла қарор дорад. Ҳангоми дар эътикоф ҳузур доштан шабҳангом хўрдану ошомидан ҷоиз буда, ҳамхоба шудану бӯсу канор ва ламсу палмосидани занону ҳамсарон бо шаҳват ҳаром аст. Дар ин маврид Худои мутаол дар сураи Бақара мефармояд: «… Ва бо занонатон, дар ҳолате, ки дар масҷид барои эътикоф нишастаед, мубошират (ва наздикӣ) нанамоед. Инҳо ҳудуди фармони Худост, ба он наздик машавед. Худо оёти худро барои мардум инчунин баён мекунад, то ки ба парҳезгорӣ бирасанд!» Эътикоф нишастан бояд дар масҷид ва ба таври доимӣ ва пайваста анҷом пазирад ва бе зарурат хориҷ шудани шахси муътакиф аз ҷои эътикофнишастааш ба муддати як соат эътикофашро фосид мегардонад. Заруратҳое, ки бо хориҷ шудани шахси муътакиф аз ҷои эътикофнишастааш эътикофаш фосид намегардад якчандтоанд, аз ҷумла: -Хориҷ шудан барои гузоридани намози Ҷумъа, намози иди Фитр ва намози иди Қурбон дар сурате, ки дар масҷиди эътикоф менишастааш ин намозҳо гузорида нашаванд. - Хориҷ шудан барои ғусли ҷанобат, агар дар дохили масҷид имконоти ғусл гирифтан мавҷуд набошад. Шахси муътакиф барои адои намози ҷумъа, бояд фурсатеро дар назар бигирад, ки дар он муддат битавонад намози таҳияи масҷид ва суннати ҷумъаро дар масҷиди ҷомеъ бигузорад ва баъд аз адои фарзи ҷумъа ҳам метавонад барои хондани суннати баъд аз фарз онҷо таваққуф дошта бошад. Агар бо сабабе муътакиф эътикофи воҷиб ва ё суннатро фосид гардонад дар вақти қазо доштани он, пас аз моҳи Рамазон рўза доштани муътакиф шарт аст. Эътикоф ба се қисмат тақсим мешавад: - Эътикофи воҷиб. - Эътикофи суннат. - Эътикофи мустаҳаб. Эътикофи воҷиб ва он ҳамон эътикофест, ки шахс барои дарёфти ризои Парвардигораш ба худ назр мекунад, ки даҳ рўз барои Худо эътикоф менишинам ва ё назрашро ба шарте вобаста мегардонад, чунончи мегўяд: Агар падарам соқу саломат аз мусофират баргардад, даҳ рўз эътикоф менишинам. Эътикофи суннат, ин ҳамон эътикоф нишастани даҳ рўзи охири аз моҳи Рамазон аст, ки он суннати муаккада мебошад. Эътикофи мустаҳаб, ин ҳамон эътикоф нишастани шахси рӯзадор бе мавҷудияти шартҳои дар эътикофи воҷиб ва суннат баёнгардида мебошад. Агар касе нияти мутлақи эътикоф нишастани рўзеро кунад, шаби он рўзро ҳам дар бар мегирад, дар сурате, ки мушаххасан нияти рўзона то бегоҳ эътикоф нишастани он рӯзро накарда бошад.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев