Мардум дар рамазон ду гурӯҳ мебошанд:
Марҳум ва маҳрум. Дар ҳар ду калимат ҳамон ҳарфҳо аст, вале дар гурӯҳи аввал ҳарфи ро пеш аст ҳо баъдаш ва дар гурӯҳи дуввум ҳарфи ҳо дар пеш аст ва ро дар қафояш. Яъне яке шомили Раҳмати илоҳӣ гаштааст ва дигаре аз он маҳрум мондааст.
Пас касе рамазонро аз рӯи имондорӣ ва барои аҷру подошашро аз Худо мунтазир будан гирифта бошад, пас он марҳум аст, яъне Раҳмати илоҳиӣ омилаш аст.
Ва касе, ки дурӯғ гуфтан ба он амал карданро тарк накарда бошад, пас он аз Раҳмати илоҳӣ маҳрум мондааст.
Пас барои худат якеро ихтиёр намо. Худованд шомили раҳматаш гардонад.
РАМАЗОН
«Вастабал боб...» «Ва ҳарду (Юсуф ва ҳамсари Азизи Миср) сӯи дар мешитофтанд...».
Ҳардуи онҳо медивиданд ва мешитофтанд;
яке аз нофармонии Худо мегурехт,
дигаре ба сӯи нофармони кардани Худо медавид. Самти ҳаракат ҳам як тараф, вале...
Гоҳо дар амалҳо бо ҳам шарик мебошем, валекин ниятҳо аз ҳам фарқ мекунанд.
Эй бори Худоё ниятҳои моро дуруст намо!
РАМАЗОН
Аҷру подоши занҳоро дар Рамазон чӣ қадар бузург кардааст.
Барои онҳо аҷру подоши рӯзадорӣ аст.
Ва аҷру подоши корҳои хона.
Ва аҷру подоши рӯзадореро ифтор додан (шавҳар, фарзандон, хусуру хушдоман....).
Пас, эй бори Худоё нотавонии онҳоро раҳм намо ва аз ташнагӣ онҳоро сероб гардон.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев