Расулуллоҳ (с) фармудаанд:
Чаҳор хислате ҳастанд, ки агар онҳо дар ту вуҷуд дошта бошанд, ҳар чизе аз дунёро аз даст додӣ бароят айбе надорад;
1. Ростгуӣ дар сухан гуфтан. (дуруғ нагуфтан)
2. Амонатро нигоҳ доштан. (хиёнат накардан)
3. Ахлоқи накӯ доштан. (бадахлоқ набудан)
4. Таъоми пок доштан. (аз таъоми ҳаром дур будан).
Инсоне, ки ин хислатҳоро дошта бошад, беҳтарин ганҷинаҳои дунёро бадаст овардааст.
Инсон гоҳо гумон мекунад, ки ба воситаи дурӯғ зиндагияшро беҳтар кардааст, ё моле ба даст оварда ё зарареро аз худ дур карда.
Гоҳо гумон мекунад, ки ба воситаи хиёнат карданаш дар ҳақи мардум ва дар моли мардум ва дар обрӯи мардум чизе аз дунёро ба даст овардааст, ки ӯро дар ҳаёташ сарфароз мегардонад.
Гоҳо гумон мекунад, ки танҳо ба роҳи бадалоқӣ мешавад зиндагии борафоҳият дошт, агар ахлоқдор бошад, шояд сарватманд нашавад ва ба вазифаи лоиқе нарасад.
Гоҳо гумон мекунад, ки бо доштани таъом ба ҳар сурате бошад, ҳалол аст ҳаром аст, саодати дунёро ба даст овардааст.
Инҳо ҳама гумон ҳастанд.
Инҳо ҳама айб бар соҳибаш мебошанд.
Вале ҳақиқат оне аст, ки Расулуллоҳ (с) гуфтанд.
Барои дунё шуда дурӯғ нагуфти, амонатро ҳифозат карди, ахоқи накӯ дошти, ва ҳаргиз моли ҳаромро на аз ришва ва на аз корхона ва на аз бозор ба хонаат наоварди.
Агар ин дунёҳо ба сабаби доштани ин хислатҳо аз дасташ рафта бошанд, пас айбе ба ӯ нест. Дар пешгоҳи Худованд айбе надорад. Балки баръакс инсони саодатманд мебошад.
Худованди мутаъол барои ҳамаи мо дар ин даҳаи миёнаи рамазон мағфиратро насиб гардонад ва бароямон хислатҳои ҳамидаро арзонӣ фармояд.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев