Ассалому алайкум устоди гироми ое дар вакти Руза доштан чоиз аст гусл кардан дар хаммом е дар дарье рузона?
Саволкунанда: Бахриддин
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ. Бародари исломӣ! Ғусл кардан ду сурат дорад:
1 ғусл кардан бо рехтани об бар сару бадан дар ҳамом. Ин навъ ғусл барои шахси рузадор бинобар қавли саҳеҳ бе кароҳат ҷоиз аст. Дар китоби (Дуррул мухтор) мегуяд:(Барои шахси рузадор мазмаза кардан ва об дар бини кардан ва ғусл кардан барои салқини бинобар қавли муфтобиҳи макруҳ нест.) Ибни Обидин дар ҳошияи ин ибора мегуяд:(Зеро аз Паёмбар алайҳиссалом ривоят шудааст, ки эшон обро бар сари худ аз сабаби ташнаги ё гарми мерехтанд дар ҳоле, ки рузадор буданд. Ривояти Абудовуд.. Ва зеро ин амалҳо ёрдам барои ибодат мешавад.)
2 ғусл кардан бо шиновари дар об. Ин навъ шиновари тафсил дорад: Агар шинокунанда бо эҳтиёт дохили об шавад ва ғолиби гумони шиновар ин бошад, ки об дар биниу даҳонаш дохил намешавад пас дар ин ҳолат шино кардан ҷоиз аст. Имом Бухорӣ аз ҳазрати Анас ривоят мекунад, ки эшон ҳавзе аз санг доштанд ва дар ҳолати руза дохили он мешуданд. Инчунин аз имом Шаъбӣ ривоят мекунад, ки эшон дар ҳолати руза дохили ҳамом мешуданд. Аммо агар ғолиби гумони шиновар ин бошад, ки об дохили даҳон ва биниаш мешавад пас дар ин ҳолат шиновари барояш ҷоиз нест , балки баъзе уламо ҳаром гуфтаанд. Агар рафту бо сабаби ғусл кардан об дар даҳон ва бини даромад ва ба меъда расид рузааш назди аксари уламо аз ҷумла мазҳаби мо фосид мешавад ва як руз қазо медорад. Худо нигаҳбонатон бошад.
Ҷавобдиҳанда: Эшони Маҳмудҷон
Ҳукми ғусл кардан ва шиновари барои шахси рузадор
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев