Салом ва рахмати Худованд нисори шумо бод мучохидони рохи Худо.<br />
Акнун бори сеюм аст,ки суолам бечавоб мемонад ва аз коргардони сомона хохиш менамоям то суоламро ба домулло расонанд!<br />
суолам чунин аст:Дар мохи мубораки рамазон барои мард ва зане,ки нав хонадор мешаванд ойила барпо менамоянд ягон сабукихо хаст ё на.<br />
чун , ки ман дар чое хонда будам ки онхо метавонанд дар ин мохи муборак рузахури намоянд ва гайри ин мохро руза гиранд.Илтимос чавоби шуморо интизорам
Саволкунанда: khalil
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ. Бародари исломӣ! Барои марду зани нав оила барпо карда ҳеҷ сабукие дар моҳи рамазон нест ва нав хонадор шудан барои хурдани руза узр шуда наметавонад ва касе аз олимон инро узр нашмурдаанд. Балки онҳо мисли бақияи мардуманд ва руза доштан бар онҳо фарз аст ва бе узр хурдани руза барояшон ҳаром аст ва сабаби воҷиб шудани каффора мегардад. Бинобарин насиҳати мо ба домодҳо инаст, ки дар рузҳои рамазон аз муқаддимоти ҷимоъ бо арусони худ мисли оғушу буса худдори кунанд то дар доми шайтон на афтанд. Худо нигаҳбонатон бошад.
Ҷавобдиҳанда: Эшони Нуриддинҷон
Оё барои шаҳу аруси нав оила барпо карда субукие дар моҳи рамазон ҳаст?
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев