Тухфаи шохи Эрон - Ризошохи Пахлави ба Ахмад Зохир...
"Ахмад Зохир дар варзишгохи марказии шахри Техрон, пойтахти Эрон дар як чашни пуршукўхи милли ширкат меварзид. Хини сурудхонии ў шохнами бороне аз болои варзишгох мегузарад. Гўё он лахза осмон хам ба нишонаи сипосу эхтироми истеъдоди баланди Ахмад Зохир пеши пои ў гавхарфишони кард. Ахмад Зохир аз ин саховати ногахонии табиат илхом гирифта, шукронаи он ба хондани суруди "Вой борон, борон, вой борон, борон", ки матнаш аз шоири маъруфи Эрон Хамидии Мсаддиќ мебошад, шурўъ мекунад:
Вой борон, борон, вой борон, борон, вой борон, борон,
Шишаи панчараро борон шуст,
Аз дили ман, аммо,
Чи касе наќши туро хохад шуст, чи касе?
Вой борон, борон, вой борон, борон, вой борон, борон.
Шўру валвалае дар варзишгох барпо мешавад. Хама аз чой бармехезанду дастафшони мекунанд. Тасодуф буд ё лутфи Илохи, ки борону суруди "Вой
борон" баробар поён ёфтанд.
Аз ин хунари волои Ахмад Зохир шохи Эрон Ризошохи Пахлави, ки он замон дар варзишгох, дар тачлили он чашн хузур доштааст, ба вачд меояду мегўяд:"Ин алмоси Машриќзамин аст!". Ва амр мекунад, ки рамзи подоши санъати асил ба Ахмад Зохир калиди яке аз мошинхои хидматиашро, ки сохти ширкати "Мерседес" - и Олмон буда бо он ба ин чашнвора омадааст, таќдим намоянд.
"Ин ќиссаро ман аз забони онхое шунидам, ки дар он
солхо дар Эрон, ба хайси тарчимон хизмат мекарданд", -
мегўяд Абдуѓаффори Шахзод.
Султони Хамад
Султони калбхо
Душанбе:Бухоро, 2012.
Вой борон, борон,
Вой борон, борон.
Шишаи панҷараро борон шуст, аз дили ман, аммо
Шикасти нақши туро хоҳад шуст, шикасти ишқ.
Вой борон, борон,
Вой борон, борон.
Чор фаслаш ҳама оростагӣ,
Ман чӣ медонистам, ман чӣ медонистам.
Ҳайбати гули зимистонӣ,
Ман чӣ медонистам, ман чӣ медонистам.
Сабза мепажмурад аз беобӣ,
Беобӣ, беобӣ, Беобӣ, беобӣ.
Вой борон, борон, Вой борон, борон.
Оҳ, чӣ рӯъёе, ки тапад дард,
Оҳ, чӣ пайванди самимиятҳо.
Чӣ умеди ботиле,
Чӣ умеди ботиле.
Дили ман месӯзад аз беобӣ,
Беобӣ, беобӣ, Беобӣ, беобӣ.
Вой борон, борон, Вой борон, борон.
Шеър аз Хамидии Мсаддиќ
Нет комментариев