Баъдҳо
Марги ман рӯзе фаро хоҳад расид,
Дар баҳори равшан аз амвоҷи нур.
Дар зимистони ғуборолуду дур,
Ё хазоне холӣ аз фарёду шӯр.
Марги ман рӯзе фаро хоҳад расид,
Рӯзе аз ин талху ширин рӯзҳо.
Рӯзи пуче ҳамчу рӯзони дигар,
Соя аз имрӯзҳо, дирӯзҳо.
Дидагонам ҳамчу долонҳои тор,
Гунаҳоям ҳамчу мармарҳои сард.
Ногаҳон хобе маро хоҳад рабуд,
Ман тиҳӣ хоҳам шуд аз фарёду дард.
Мехазанд ором рӯйи дафтарам,
Дастҳоям фориғ аз афсуни шеър.
Ёд меорам, ки дар дастони ман,
Рӯзгоре шӯъла мезад хуни шеър.
Хок мехонад маро ҳар дам ба хеш,
Мерасанд аз раҳ, ки дар хокам ниҳанд.
Оҳ, шояд ошиқонам нимашаб,
Гул ба рӯйи гӯри ғамнокам ниҳанд.
Лек дигар пайкари сарди маро,
Мефишорад хоки домангири хок.
Бе ту дур аз зарбаҳои қалби ту,
Қалби ман мепӯсад он ҷо зери хок.
Баъдҳо номи маро борону бод,
Нарм мешӯянд аз рухсори санг.
Гӯри ман гумроҳ мемонад ба роҳ,
Фориғ аз афсонаҳои ному нанг
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1