Савол: Шайхи мӯҳтарам, бародари саволдиҳандаи мо мегӯяд, ки: Дар баъзе масҷидҳо дар байни сафҳо сутунҳо буда, ин ба ҷудо шудани онҳо (сафҳо) ва ба як чанд сафҳо ҷудо шудан оварда мерасонад. Ба ҳамин ҳолат монанд инсон дар назди сутун намоз хонда, саф бурида шуданаш афзал аст ё ки сутунро қафо гузошта саф пурра шуданаш афзал аст? Маълум (аст), ки дар ин ҳолат саф пурра мешавад. Вале намозхон ба аз саф каме баромадан моил мешавад. Дар ин бора ба мо фатво дода ба аҷру савоб бирасед!
Ҷавоб: Суннат – сафҳо бе кандашавӣ рост буданаш ва сутунҳо дар қафояшон будан аст. Сутунҳо дар қафояшон мешаванд. Сафҳо дар назди сутунҳо рост мешаванд ва сафҳо канда намешаванд. Дар масҷид издиҳом ва масҷид танг шавад вақти зарурат мустасно. Баъд одамон дар байни сутунҳо саф гирифтанашон барои ҳоҷат хараҷ (тангӣ) нест. Барои ҳамин Анас гуфт: «Онҳо аз ин (худро) нигоҳ медоштанд». Аз дар байни сутунҳо истодан (худро) нигоҳ медоштанд. Яъне, (дар вақти) ба ин ҳоҷат набуданаш. Суннат – (нафарони) дар паси имом буда ба пеш гузаштанаш ва ҳам сутунҳо дар пасашон буданаш аст. Агар одаме, ки дар пасаш сутун ҳаст аз тарафи сутун каме ба пеш ғеҷад зарар надорад. Вале барои (нафароне, ки) дар байни ду сутун ҳастанд, (барои) саф рост шуданаш каме ба пеш ғеҷиданашон лозим мешавад. То ин ки шахси дар паси сутунбуда ва ба ғайри ӯ дигараш баробар дар саф рост шавад, ягон кас аз дигараш ба пеш гузашта наравад.
Аллома Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз раҳимаҳуллоҳ.
Барномаи «Нурун ала дарб».
Таҳия ва тарҷума: أبو عبيدة
Мо дар дигар саҳифаҳо:
Телеграм: t.me/Ahli_Sunnat_Tavhid Фейсбук: Fb.com/groups/Ahli.Sunnat.Tavhid Одноклассники: ok.ru/Ahle.Sunnat Вконтакт: Vk.com/Ahli.Sunnat Сомона: www.ubaydullo-muslim.ulcraft.com Ютуб: www.youtube.com/channel/UCIbHooDoiGpd4FK6RHAjw-w?view_as=subscriber Худованд ҳамаи мову шуморо ҳидоят кунад.
Бо умеди дуои 🤲 Шумо: أبو عبيدة
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев