Савол: Ҳукми одамон дар Рамазон дар вақти хондани намози таровеҳ, қоим кардани ҷамоати дуюм чист? Чунки ман баъзе одамон инро бидъат гуфтанашонро шунидам. Баъзеҳо гуфтанд, ки дар даҳаи (охири моҳи Рамазон) (чунин кардан) зарар надоштааст. Аммо дигаронашон инро дар аввали Рамазон бошад ё ки дар мобайнаш, бидъат гуфтанд.
Ҷавоб: Дурусташ, агар инсон ба масҷид дарояд, хоҳ ӯ танҳо бошад хоҳ бо ҷамоат бошад ва одамон намози таровеҳро хонда истода бошанд, онҳо бо имом бо нияти намози хуфтан (ба намоз) ҳамроҳ мешаванд. Имом салом диҳад онҳо намози хуфтанро (мондаашро ё худ давомашро) адо карда мемонанд. Инро ҳар яки онҳо алоҳида адо мекунанд, ҷамоат шуда не. Ана ин дуруст аст.
Аммо дар як масҷид ҷамоати дуюмро қоим кардан бошад, ин бешубҳа кори машрӯъ (ҷоиз)набуда аст. Лекин мегӯем ки: бо нияти намози хуфтан ба имом ҳамроҳ шав.
Касе гӯяд ки: аз паси одаме, ки намози нафлро хонда истодааст, намози фарзро хондан дуруст аст? Мегӯем ки: ҳа, дуруст. Ин ҳолат дар даври Набӣ алайҳиссалату вассалам содир шудааст. Муоз ибни Ҷабал разияллоҳу анҳу якҷоя бо Набӣ саллаллоҳу алайҳи ва аъла алиҳи ва саллам намози хуфтанро мехонданд, баъд рафта ба қавмашон айнан намози (хуфтанро) якҷоя (имомӣ карда) мехонданд. Ин ба он (яъне ба Муозе ки имомӣ кард) нафл, барои онҳо (барои қавмашон) бошад намози фарз буд. Ин дар даври Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам буд. Аллоҳ азза ва ҷалла инро тасдиқ кард. Балки зоҳираш ин аст, ки Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам инро дониста, эътироф карданд. Тибқи навиштаи Имом Аҳмад ибни Ҳанбал раҳимаҳуллоҳ, агар шахс дар вақти хондани намози таровеҳ (ба масҷид) дарояд, пас ӯ (ба намоз) бо нияти намози хуфтан ҳамроҳ мешавад. Ҳа (чунин).
Шайх Муҳаммад ибни Солеҳ ал-Усаймин.
Таҳия ва тарҷума: أبو عبيدة
Мо дар дигар саҳифаҳо:
Телеграм: t.me/Ahli_Sunnat_Tavhid Фейсбук: Fb.com/groups/Ahli.Sunnat.Tavhid Одноклассники: ok.ru/Ahle.Sunnat Вконтакт: Vk.com/Ahli.Sunnat Сомона: www.ubaydullo-muslim.ulcraft.com Ютуб: www.youtube.com/channel/UCIbHooDoiGpd4FK6RHAjw-w?view_as=subscriber Худованд ҳамаи мову шуморо ҳидоят кунад.
Бо умеди дуои 🤲 Шумо: أبو عبيدة
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев