Савол: Оё барои шахси мусалмон таоме, ки дар рӯзи иди аҳли китоб ва мушрикҳо (уро) тайёр кардаанд, хурданаш ё ки бо сабаби идҳояшон аз онҳо туҳфаҳо қабул карданаш ҷоиз аст?
Ҷавоб: Барои шахси мусалмон аз таомҳое, ки барои идҳои яҳудӣ ё ки насронӣ ё худ мушрикҳо тайёр карда шудааст, хурданаш ҷоиз намешавад. Боз ба шахси мусалмон бо сабаби идҳояшон аз онҳо ҳадя қабул карданаш ҳам ҷоиз намешавад. Сабабаш дар ин кор онҳоро мӯътабар кардан ва бо онҳо шиорҳояшонро изҳор кардан ва дар ривоҷ додани бидъатҳояшон ҳамкорӣ кардан ҳам дар рӯзи идашон дар хурсандӣ бо онҳо шарик шудан мавҷуд. Дар ҳақиқат, ин кор иди онҳоро барои мо низ ба ид карда гирифтан ё ки камаш бо онҳо дар идҳои мо ҳамдигарамонро водор кардан ба таом ва ҳадя қабул кардан оварда мерасонад. Ин бошад фитна ва дар дин бидъат кардан аст. Дар ҳақиқат, аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам чунин гуфтанашон собит шуда аст: «Касе, ки дар кори мо чизи аз ӯ набударо пайдо кунад, бас, ӯ рад шудааст» (Бухорӣ (2697), Муслим (1718), Абу Довуд (4606), Ибни Моҷа (14) ва Аҳмад (6/256)). Ба онҳо бо сабаби идҳояшон ягон чиз ҳадя кардан ҳам ҷоиз нест.
Тавфиқ аз Аллоҳ аст. Аллоҳ таоло ба паёмбарамон Муҳаммад ба аҳли оила ва саҳобаҳои эшон салавату саломҳо бифристад.
Кумитаи Тадқиқотҳои Илмӣ ва Фатводиҳии Доимӣ, Фатво № 2882-2. http://alifta.net/Fatawa Раис: Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз.
Ноиби раис: Абдурраззоқ Афифий.
Аъзо: Абдуллоҳ ибни Қўъуд.
Таҳия ва тарҷума: أبو عبيدة
Мо дар дигар саҳифаҳо:
Телеграм: t.me/Ahli_Sunnat_Tavhid Фейсбук: Fb.com/groups/Ahli.Sunnat.Tavhid Одноклассники: ok.ru/Ahle.Sunnat Вконтакт: Vk.com/Ahli.Sunnat Сомона: www.ubaydullo-muslim.ulcraft.com Ютуб: www.youtube.com/channel/UCIbHooDoiGpd4FK6RHAjw-w?view_as=subscriber Худованд ҳамаи мову шуморо ҳидоят кунад.
Бо умеди дуои 🤲 Шумо: أبو عبيدة
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев