хар гохе чои туро дар хонаам холи мебинам,садои ошнояатро намешунавам,хандахои зебояатро ба хотир меорам хумории мехрубонию навозишхояат мегирад ба худ чой намеёбам дар ин дунёи равшан. Намедонам, ки барои саросема рахти сафари бебозгашт бастанат ба хашт чигарбанди зору хайрон бевафои карданат,ба Беназиру Замирабонуи пурорзую пурармон чодари аруси надухтанат баъди инкадар бедорхобихову захматхои пири наронданат киро домангир шавам? Тавлиди тифл барои модар як ҳадяи бузурге аз ҷониби Парвардигор аст ва ӯ аз Худованди мутаъол талаби онро мекунад, ки фарзанди дилбандаш саломат ва бедард ба воя бирасад. Модар чароғу чашми хонадон, ганҷи бебаҳост ва он барои фарзанд шахси аз ҳама наздику меҳрубон ва мунису ғамхор ба ҳисоб меравад. Ин шири сафеду ҷонбахши модар аст, ки ҳеч ғизову анвоъи олам дар шириниву тамъ бо он баробар нест. Мо фарзандон чӯҷаҳаконе будем, ки зери қаноти гарму нарму рӯҳафзои модар бузург шудем ва зери қаноти модар худ қанотдор шудем ва қасди ба дуриҳои дур парвоз карданро дорем. Имрӯз, ки ман дар авҷи камолот, дар хубии умри хеш бо хости Яздони пок аз навозиш ва лутфу меҳрабонии модар бенасиб гаштаам хуб эҳсос мекунам, ки воқеъан бемодарӣ балост ва дуъо мекунам ҳеч касро Худо гирифтори балои бемодарӣ накунад. Ҳар замон ба ёди даврони тифлӣ ва аёми шогирди мактаб буданам дилам гум мезанад. Он замон ёри бовафо, макону маъвои сидқу сафо, модари азизу дилбандам ҳар лаҳза, дар ҳама кору ҳол бо ман буд. Касе он замон чун ман хушбахт набуд. Чун сари дастархони пурнози манзили падар менишастем ва мо фарзандони навбол ба чеҳраҳои шукуфта ва нуронии волидони хеш менигаристем дарун- дарун як ҷаҳон шодӣ мекардем. Дар гӯшаи хотирамон ҳам набуд, ки рӯзе ин хонадони рӯшану бутуни мо торик ва мотамзада хоҳад шуд Ҳазор афсӯсу дареғ, ки ин ҳама шодиву нишоти мо фарзандон ва он ҳама орзуву умедҳои ширини модари азизамон баъди чанде якҷо бо ҷисми наҳифу зебои модарҷонамон зери хоки тира рафт. Ӯ рафт ва ҳама шодиии дунёро бо худ аз мо рабуд. Дигар ин дунёи рӯшан бо ҳама зебогиву сарсабзиву айшу нишоташ барои ман як зиндон аст, зиндагӣ бароям рангу бӯ ва маънияшро гум кардааст. Туро,ки дар сини 54 солаги орзую хавасхояатро як су гузошта армонхои мо нашикаста моро аз мехру мухаббати беимтихояат сер накарда дасти навозишу мехри беандзаатро аз мо дарег дошти! Ё дардеро,ки ба чисми зебои ту баромадан нахост хафт мох туро дар бистари бемори дошту дар чашми мо лахза ба лахза афгор намуд! Ё худро,ки хамчун фарзанд чонатро харидори карда натавонистам. Ё ачалро,ки барвкт, нобахангом ба хонаи дили ту ангушт зада буду,мо дарак надоштем! Хамаи ин саволхо ва боз чандин саволхое,ки наберахояат мепурсанд хар шабу руз вирди забон вале манн ба ягонтаи онхо чавоб ёфта наметавонам. Модарчон,ин чи муамои сарбастае буд,ки назди мо гузошти? Модарчон мо аз туву аз тагдир гила дорем, хафт мох аст ,ки шабу руз ба ёди руи ту нола дорем. Ва имруз ,ки зодруз дори аз Худованди мутаъол зора дорем ,ки як лахза туро ба мо фиристад. Аз руи ту,аз буи ту, аз мую абруи ту,аз хандаи зебои ут,аз лутфу аз гуфтори ту лахзае сер шавем. Ва маар Мукадаси ту аз ту пурсиданияам,ки ба он кадар хорисихо чи тавр моро дар нима рох партофта рафти? Модарчон одам агар аз гам месухт манн кайхо хокистаре будам ва бод маро кайхо ба сари куи ту бурда буд. Модарчон он кадар ба сухбатхояат хумори гаштаам,он кадар суханхои ногуфтаву орзухои нодида дорам! Вале афсус, афсус.сад афсус.. Бошад чизи сарде ,ки оташи дили морро андаке хомуш кунад. Он кадар суханхое дорам,ки гайр аз ту ба кассе гуфта наметавона.. Модарчонам,мехрубонам,нозбардора,дилбардорам,пурармонам,чашминтизорам, Чаро рафти? Модарчон зодрузат бе манну бе мо, дар дунёи фано танхою танхо муборак бошад! Модари манн номи ачибе доштанд Шул-ави.Бобояам мегуфтанд ,ки ин номи шохдухтари озарист,ки бо зебои,акли расо рафтору гуфтори нек машхур будааст. Ва манн вакте ба модарам менигаристам хамонао маликаи хусну маъни ва лутфу назокатро медидаи Имруз тасаллои дили мо Модарномахои шоиронаст.Мехонаму месузаму мегиряаму диламро камее холи мекунам. Модари ҷон, ман ҳама умр ба ёди ту месӯзаму месӯзам, аз ҳар куҷо нишони туро меҷӯяму меҷӯям.Очаҷон, илоҳо ҷоят ҷаннат, рӯҳат шод, манзили ахиратат ободу пурнур бошад! Мо фарзандон имрӯз аз надоштани модари дилбанд ҷигархуну озурда ҳастем, вале шукр аз он мекунем, ки падари меҳрубон дорем ва чун чароғи хонадони мо модар бирафт, пеши Худо дуо мекунем, ки падари азизамонро, сутуни хонадони моро нигаҳбон бошад!


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 6