Ин
намоз, намози ниёиш,намози талаб аз
Парвардигор,намози раҳои аз дарду
ғам,намози ҳоҷат ва намози хушбахтии
зиндагист. Пас дустони азиз! Намози
ТАҲАҶҶУД-ро метавонед,ки дар дили
шаб,яъне аз соатҳои 12 то соатҳои 4-и саҳар
барпо кунед. Дар ин намоз,аз парвардигор
Ҳар чизеро,ки мехоҳед,талаб кунед,иншо
Аллоҳ хоҳишатон амали мегардад, зеро ин
намоз, намози талаби ҳоҷат ва намози
ошиқи бо худост. Намози ТАҲАҶҶУД, то даҲ
рукъат хонда мешавад. Мисли намози
таровеҳ ду рукъат- ду рукъат хонда
мешавад,то даҳ рукъат шуданд. Нияти
намози ТАҲАҶҶУД: Ният кардам бигузорам,
ду рукъат намози Таҳаҷҷуд, вақте ки бар ман
аст, руй овардам ба қибла қибла ба чиҳати
хонаи каьба, аллоҳу акбар. Дар ин намоз
кадом сураеро,ки хонед,албатта дурус аст.
намози ТАҲАҶҶУД, намози нофила аст,яъне
фарз нест. Пайғамбар (с.а.в) ин намозро худ
мехондан ва беҳтарин намозаш арзёби кард.
Дуъо кунед,иншо Аллоҳ ҳатто пулдору
имондор мешавед. Худованд дар Куръон дар
сураи Муззаммил ояти 2-юм,ба пайгамбар
(с) муроҷиат карда мефармояд: Шабро зинда
бидор магар андакеро. Яъне як ҳиссае аз
шабро шабзиндадори карда бо ёди АЛЛОХ
сипари кунед. Худованд дар дигар чои
Курьон мефармояд: удъуни астачиблакум,
яъне ба суи ман дуъо кунед,пас ман қабул
месозам. Пас бародарон ва хохарон
меҳрубонам! Хамеша дар ними шаб бо Худои
худ ишқварзи кун ва дуъо кун,пас ҳама
мушкилотат бартараф мешавад. Пайғамбар
(с.а.в) мефармояд: дуъо ин силоҳи муъмин
аст. яъне ба воситаи дуъо мо худро аз
тамоми балоҳо раҳо мекунем.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1