Предыдущая публикация
Биё ғунчаи умеди ман хандида-хандида.
Хушо он рӯзе, ки пеши дилбари хуршеди рӯи худ,
Арақ мегаштам сар аз по шармида-шармида.
Бар руйи шонаи шамшод зери сояи сумбул,
Навишта мисраи туро печида-печида.
Рақиби сифла бар ман гуфт аз рӯи забон бози,
Ҳадиси лаъли туро гуфт хойда -хойда .
Зи чашмам чун тарозу тори мижгон канда хоҳад шуд,
Маҳу хуршедро ба руйю санҷида-санҷида.
Биё бар дидаи шоир, ки аз бедоди ҳиҷронаш,
Фиғон боло шуд аз чашмаш чу най нолида-нолида.
НАҚИБХОН ТУҒРАЛИ АҲРОРӢ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев