Бонг ояд ба "лан таронӣ" боз
Ман гирифтам, ки ин ҳама парда,
Шавад аз маркази маонӣ боз?
Чун ту бегонавор зистаӣ,
Чун бубинӣ куҷош донӣ боз?
Ҳаркиро ин ҷаҳон зи роҳ бибурд,
Набувад роҳи онҷаҳонӣ боз.
____________________ Аттор
Ишора ба он ояи маъруф аст, ки Ҳазрати Мусо аз Худованд мехоҳад худашро ба ӯ нишон диҳад ва Худованд мегӯянд: "Наметавонӣ бубинӣ".
Дар инҷо манзури ом афрод аст, ки Ҷаноби Аттор мефармояд: Гирам, ки мо аз Худованд бихоҳем, ки пардаҳоро канор занад ва худашро ба мо нишон диҳад. Агар ин корро кард, аз оне, ки мо ҳамеша аз вуҷуди Ӯ бегона будем, чигуна метавонем Ӯро бишносем?
Агар дар ҳар лаҳза натавонем вуҷуди Ӯро дар ҳамин ҷаҳон ва дар ҳар як офаридаи Ӯ бубинем, дар он ҷаҳон низ нахоҳем тавонист Ӯро бубинем.
وَمَن كَانَ فِي هَٰذِهِ أَعْمَىٰ فَهُوَ فِي الْآخِرَةِ أَعْمَىٰ وَأَضَلُّ سَبِيلًا
Ҳарки дар ин дунё кӯр буд [ва саодати дидори Ҳақро надошт] дар он ҷаҳон низ чизе нахоҳад дид. (Сураи Исро ояи 72)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев