Предыдущая публикация
Тараҳҳум бар касони бенаво кун!
Агар як пора ноне хайр созӣ,
Ба дарвешу фақиру бенаво кун!
Бубин ту ҳоли зори нобиноён,
Ва боре шукри чашмони бино кун!
Бубинӣ гар шикаста дасту пое,
Ту шукри сиҳатии дасту по кун!
Ба дил меҳри Худоро ҷой бинмо,
Зи дил васвоси шайтонро раҳо кун!
Макун шодӣ ба рузи мурдани кас,
Замоне фикр аз рузи қазо кун!
Агар бо дӯстон аҳде бубастӣ,
Бикун ҷаҳду бар аҳдат вафо кун!
Ба он ёре, ки бошад у Худо ҷуй,
Агар ҷон хост ҷонатро фидо кун!
Ба гушат гир панди моро,
Дар охир як дуо бар ҷони мо кун
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев