*ҲАРОМ БУДАНИ ТАРОШИДАНИ РИШ*
📝Суханҳои 16 олиме аз уламои аҳли суннат ва ҷамоат , аз мазҳаби чаҳоргона, ки аз пешгузаштагон ва асри ҳозир мебошанд, барои ҳаром будани тарошидани риш зикр карда мешавад.
📚👉Ибни Ҳазми Андалуси رحمه الله мегуяд:
*"Тамоми имомҳо иттифоқ кардаанд, ки тарошидани риш ҷоиз нест"*
📗аз китоби *"Маротибул Иҷмоъ"*
157 ва китоби *"Муҳалло"* 2/187
📚👉 Ҳофиз Ибни Абдулбар رحمه الله мегӯяд :
*"Тарошидани риш ҳаром аст, ва баҷуз аз мардони муханнас (хунсо, наромода) касе ришашро наметарошад"*
📕 *"Китоби Тамҳид"*
📚👉Ҳофиз Навави раҳимаҳуллоҳ мегуяд:
*" Ихтиёршуда ин аст, ки ришро баҳоли худ вогузорад, ва аслан натарошад ва кутоҳ накунад"*
📙 *"Минҳоҷ шарҳи Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ"* 2/154)
📚👉Ҳофиз Қуртуби رحمه الله мегуяд:
*"Тарошидани риш ва канданаш ва паст карданаш ҷоиз нест"*.📕 *"Таҳрими ҳалқу лиҳя"* саҳ 5
📚👉Шайхул Ислом Ибни Таймия رحمه الله мегуяд:
*"Тарошидани риш ҳаром аст"*
📕 *"Ихтиёроти илмия"* саҳ 6
📚👉 Ҳофизи Ироқи رحمه الله мегуяд:
*"Ҷумҳури уламо истидлол кардаанд,ки беҳтар ин аст, ки ришро баҳолати худ гузорад. Ва чизе аз ришро нагирад ва ин сухани Имом Шофиъи раҳимаҳуллоҳ ва дустонаш аст"*
📘 *"Шарҳи Тасриб"* 2/83
📚👉Адавии Молики رحمه الله мегуяд:
*"Аз Молик раҳимаҳуллоҳ нақл шудааст, ки тарошидани муйи зери ҷоғ кароҳият дорад, ҳатто гуфтаанд: Ин феълӣ маҷус (оташ парастон) аст, чихеле ки гирифтани риш ҳаром аст"*
📔 *"Ҳошияи Адави"* дар шарҳи китоби *"Рисола"*- ибни Аби Зайд Қайравони 2/411
ва инчунин китоби *"Ҳукми лиҳя"* (ҳукми риш дар Ислом) - и Муҳаммади Ҳомид саҳ 17
📚👉Саффаронийи Ҳамбали-رحمه الله мегуяд:
*"Сухани мӯътамад дар мазҳаб, ҳаром будани тарошидани риш аст"*
📗 *"Ғизо-ул-Албоб"* 1/376
📚👉Ибни Обидини Шомии Ҳанафи дар *"Ҳошияи ДУРУЛ-МУХТОР"* мегуяд:
*"Тарошидани риш барои мард ҳаром аст, ва паст кардани риш ин амали муханнасҳо аст (яъне: амали шахсони наромода аст) ва тарошиданаш ин амали яҳуди ҳинд ва маҷуси аҷамист"*
📕 *" Раддул-Муҳтор"* 2/418
📚👉Шайх Аҳмад ибни Қосими Обиди رحمه الله мегуяд:
*"Ибни Рифъа дар "Ҳошияи Кофия" гуфт: Имом Шофиъи раҳимаҳуллоҳ дар "Китоби Умм" насс (далел аз Қурону Суннат)-ро меорад барои ҳаром будани тарошидани риш,ва инчунин Заркаши ва Ҳулайми дар китоби "Шуъабул Имон" ва устозаш Қаффоли Шоши дар "Маҳосини Шариъат" нассро барои ҳаром будани тарошидани риш зикр кардааст"*
📗 аз китоби *"Ҳукми дин фил-лиҳя ват тадхин"* саҳ 31
📚👉Шайх Абдураҳмон ибни Қосими Наҷди رحمه الله мегуяд:
*"Аллоҳ нобудашон кунад, барои онҳо чи шудааст, ки сарпечи аз амри Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам мекунанд. Аллоҳ амрашон кардааст то ба Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам пайрави кунанд, онҳо сарпеч ва мухолифи Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳастанд, ва пайрави аз маҷус ва кофирҳо мекунанд. Аллоҳ амрашон кардааст то ба Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам итоаткор бошанд, бешак Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтаанд: Ришро гузоред! Ришро натарошед ! Ришро паст накунед! Ришро дароз кунед!"*
*"Ноитоати карданд ва ришҳои худро тарошиданд, ва Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам амрашон кард то муйи лабро паст кунанд, онҳо дароз гузоштанд, қазияро баракс анҷом доданд ва Аллоҳ ва Расулаллоҳро ноитоати карданд"*
📔 *"Таҳрими ҳалқу лиҳя"* саҳ 13
📚👉Аллома Муҳаммад Амини Шинқити رحمه الله дар тафсири сухани Аллоҳ мегуяд:
( قَالَ يَبْنَؤُمَّ لاَ تَأْخُذْ بِلِحْيَتِى وَلاَبِرَأْسِى)
Гуфт эй писари модарам аз риши ва сари ман нагир. (қиссаи мусо ва ҳорун)
*"Ин ояи карима далолат ба гузоштани риш мекунад, ин далели қуръони барои гузоштани риш ва натарошиданаш аст"*
📙 аз Тафсири *"Азваул-Баён"*-и Аллома Шанқити раҳимаҳуллоҳ 4/506-507
📚👉Шайх Албони رحمه الله мегӯяд :
*"Дароз гузоштани риш воҷиб аст,ва паст кардану тарошиданаш ҳаром аст"*
📘 *"Одоби Зифоф"* саҳ 211
Ва инчунин суханҳои зиёди дигар низ доранд, ки далолат ба ҳаром будани тарошидан ва паст кардани риш мекунад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев