Ҷавоне баъд аз намоз ба назди Имом омада гуфт:
– Ман дигар ба масҷид намеоям!
Ҳазрат пурсид:
- Чаро?
Ҷавон ҷавоб дод:
– Ман дидам, ки одамон дар даруни Масҷид дар бораи дигарон суханони бад мегӯянд ва ҳангоми мавъиза ҳама ба телефонҳои худ машғул буданд ва ин танҳо чанд нуқтаест, ки ман мушоҳида кардам...
Имом гуфт:
"Хуб, аммо пеш аз рафтанат як хоҳиши маро иҷро кун: “Як пиёла оби пур бигир ва ҳатто як қатраи об ба замин нарезад, ҳамин тавр се маротиба дар атрофи масҷид давр бизан.” Пас аз ин корро кардан агар хоҳӣ дигар ба Масҷид наойи.
Ҷавон фикр мекард, ки ин хеле осон аст!
Ва Ҷавон се маротиба бо пиёлаи пур аз об Масҷидро давр зад Чунон, ки Имом аз Ӯ хоста буд.
Вақте, ки Ҷавон корашро тамом кард ва ба назди Имом омад.
Имом пурсид:
-Вақте, ки ту бо пиёлаи пур аз об роҳ мегашти, диди, ки Шахсе дар бораи дигаре сухани бад мегуфт?
Ҷавон ҷавоб дод:
- Не.
– Оё диди, ки касе ба телефонаш машғул буд?
- Не.
— Медонед, чаро?
- Не.
"Ту диққати худро ба пиёла равона карда буди ва кӯшиш мекарди, ки онро наафтони ва обашро нарезони."
— Айнан ҳамин чиз бо ҳаёти мо рӯй медиҳад.
«Вақте, ки мо таваҷҷӯҳи худро ба Аллоҳи Муттаъол равона кунем, барои дидани хатогиҳои дигарон вақт нахоҳем ёфт!»
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев