Бо ёрии онҳо, пулро дар тамоми гӯшаи ҷаҳон интиқол додан ва ё гирифтан имконпазир аст.
Барои истифодаи низоми интиқоли пулӣ, шумо бояд онеро интихоб кунед, ки дар шаҳр зерсохторҳое дорад, ки дар он имкони гирифтани пул мавҷуд аст.
Имрӯз дар бораи системаҳои интиқоли пулие, ки дар кишвари мо амал мекунанд, сӯҳбат хоҳем кард.
✅Western Union. Дар соли 1851 таъсис ёфтааст. Он яке аз пешсафони бозори интиқоли пулӣ мебошад. Тарзи қулайи фиристодан - ҳам ба таври онлайн ва ҳам нақдӣ.
Дастрасӣ дар нуқтаи дилхоҳи ҷаҳон - Интиқоли пулӣ дар зиёда аз 200 кишвар ва қаламрави ҷаҳон, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас аст.
✅ Contact. Дар соли 1999 таъсис ёфтааст. Аввалин системаи интиқоли пулӣ дар Русия. Интиқоли фаврӣ ба 186 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла ҶТ.
🔹️Аз корт ба корт – пур кардани кортҳои маъруфи ҳамаи бонкҳо.
🔹️Пардохтҳои онлайн – пардохти хизматрасониҳои гуногун онлайн.
✅Юнистрим. Дар соли 2001 таъсис ёфтааст. Низоме, ки тавассути он интиқоли пулӣ дар Русия ва кишварҳои ИДМ амалӣ карда мешавад.
🔹️Интиқоли нақдӣ дар идораҳои Юнистрим ва шарикон.
🔹️Интиқоли фаврӣ дар Тоҷикистон бо рубл, доллар, евро - аз 0,9%.
🔹️Хизматрасонии нав: пардохти алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон - зуд ва муфид.
🔹️Шумо кадом системаро мунтазам истифода мебаред?
ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ- Дӯсти молиявии Шумо!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев