00:51
Эй падар баъди вафотат зиндагӣ дилгир шуд, Қомати болои ман низ дар ҷавони пир шуд. Дарду андӯҳ гашта пайдо он замон дар хонаям, Хонаи нурбори ман торику бас дилгир шуд. Вақти беморӣ нишастам, ман ба болои сарат, Бо вуҷуди дардҳое, ки буданд дар бистарат.