01:00
Ассалому алейкум ба ҳамаи гарибони мардуми миллати тоҷик . Оллоҳи меҳрубон ҳамавақт миллати тоҷикро дар паноҳаш нигаҳбон бошад ва ҳамавақт мададгоратон бошад , дар куҷое бошед ҳамавақт сиҳат саломат бошед ва ҳамавақт дар ёди Оллоҳи меҳрубон бошед ва сиҳат саломат ба Ватан ба назди модари меҳрубонатон баргардед . Донед , ки модар ҳамавақт дар роҳи фарзандони худ чашмаш чор аст . Чи хеле , ки шоир мегуяд : Азизу меҳрубонам кист? Модар Фуруғи дидагонам кист? Модар Забони модарӣ омӯхт бар ман Ҳамеша дар забонам кист? Модар Сафои рӯи одам офтоб аст Сафои хонадонам кист? Модар Маро беҳтар зи ҷон донист модар Гиромитар зи ҷонам кист? Модар