01:00
Зи ғам парво макун, ай дуст, ғами дунё гузар дорад, Агарчи шаб расид акнун, ба дунболаш саҳар дорад! Агар ёре надонад қадри ту, аз баҳри у бигзар, Аҷаб набвад, ки қадратро ба худ ёре дигар дорад. Зи баҳри булҳавас бигзар, макун парвои гулзораш, Ки боғи булҳавас доим дарахти бесамар дорад! Машин зери дарахте, ки ҳамеша бори ғам орад, Ба зери он дарахте рав, ки хушбахти самар дорад! Мабош андар сари хоне, ки талх аст хурданиҳояш, Бишин андар сари хоне, ки пур шаҳду шаккар дорад! Ҷавониҳо макун сарф аз паи дилдори бепарво, Ҷавони меравад як руз, ки пои дар сафар дорад!