Аз 1 январи соли 2024 шурӯъ карда таруфаҳои нерӯи барқ барои ҳамаи гурӯҳи истеъмолкунандагон, аз ҷумла аҳолӣ 16% боло бурда мешаванд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» мушовири директори генералии ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» Ҷомӣ Умаров хабар дод. Тибқи таруфаҳои нав, нархи як киловатт-соат барои аҳолӣ ба ҷои 26,51 дирами феълӣ 30,75 дирам мешавад.