Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ду сабти видеоие мечархад, ки дар он тарзи хеле бади муносибат, балки ҳатто зулму ситами аҳли хонавода нисбат ба келини ин хонадон намоиш дода шудааст. Бадрафторӣ нисбат ба келин ба андозаест, ки ӯ ҳатто ҳақ надорад бидуни иҷозати хушдоман ва хоҳари шавҳараш ягон ғизо, ҳатто ягон пора нон бихӯрад.
Дар як видео келин як пораи нони шикаста дар дасташ ба хушдоману хоҳари шавҳараш “ҳисобот” медиҳад, ки аз ин пораи нон танҳо як лабашро шикаста хӯрдааст ва дигар даст нарасондааст.
Др навори дуюм хушдоман Б.Х. ҳамроҳи духтараш худашон келинро ба навор гирифта, қасам медиҳанд, ки фалону фалон корҳоро накунад. Келини бечора, ки ашк дар ин лаҳзаҳо гулӯгираш мекунад, як як аз паси хушдоман такрор мекунад, ки ин корҳоро ҳеҷ гоҳ намекунад.
Аҷаб он аст, ки дар лаҳзаи сабти навор дар он хона марди хонавода (зоҳиран хусури ин келин) ҳам ҳузур дорад, вале дахолат намекунад. Хоҳари шавҳараш бошад ин лаҳзаҳои паст задани шаъну эътибори келинашонро бо хандаву масхара бо телефон ба навор мегирад.