Сарвони бошгоҳи “Рома” маъруф бо тахаллуси “Император” ё бо забони тоҷикӣ шоҳаншоҳи футбол Франческо Тотти ба кору пайкори хеш дар заминаи як маросими ҷолибу ҷозиби саршор аз ифтихору шодмонию гиряҳои пушаймонӣ нуқта гузошт. Футболи Италияро бидуни Франческо Тотти тасаввур кардан имконнопазир бувад, чаро ки маҳорату малакааш, вафодорию садоқаташ, ҷавонмардию ҳимматаш ва эҳсоси баланди ватанхоҳию мардумпарвариаш барои миллионҳо мухлисону роғибонаш дар ақсои гетӣ ҳадиси ҷонпарвар омӯхта. Охирин ба масал шикори ин шери жаёни дашти футбол дар баробари футболбозони бошгоҳи “Ҷеноа” сурат гирифт, ки издиҳоми мухлисонро ба ғояти нишотмандию фараҳ ва ҳамзамон навмедию афсӯс кашид. Бо тарки майдон гуфтани шоҳаншоҳи футбол як фасли шукуфоии ин риштаи варзиш дар Италия ба поён расида бошад ҳам, таъсиргузории он ба наслҳои минбаъда беохиру беҳудуду номасдуд мебошад. Дуруст аст, ки дар байни хосу ом ҳамвора вожаи “Шоҳаншоҳ” афрӯзаи исми муборакаш ба шумор мерафт. Аммо ба фикри мо афрӯзаҳои дигаре амсоли садоқату вафодорӣ, родмардию ватанхоҳӣ ва ибратомӯзию фурӯтаниро низ дар баробари ӯ зам агар низ кунем, аз ҳаққи ҳалоли ӯ меравад, чаро ки ин ҳама санову ситову мадҳияхониҳо дар нисбаташ, кам аст, ки кам. Боиси хушнудист, ки дар ин рақобат ҳамдастаҳои ба ҷону дил баробари Франческо Тоттии дастон, мисле ки сарвони худ оварди охиринро бо ғалаба анҷом доданд, ки маънии рамзии пайравии дастовардҳои ин варзишгари бузургро ифода мекард.
Футболбозони “Рома” ба майдон бо пӯшинае, ки дар он рақами 10 насб шуда буд, бар шуданд. Ин иқдом ба ифтихори он буд, ки Тотти тамоми фаъолияти хешро дар як даста, яъне дар “Рома” гузора бинмудааст.
Тотти аввалин маротиба соли 1989, ки он замон ҳамагӣ 13 сол дошт, ба дастаи “Рома” шомил шуда, дигар аз ӯ дил канда натавонист, ҳарчанд ки бошгоҳҳои бузургтарини дунё бо пешниҳоди маблағҳои калонтарин дар талаби харидориаш афтода буданд.
Дар ҳайати асосии даста ӯ дар доди 16 солагӣ ба майдон баромад. Шурӯъ аз соли 1992 то соли 2017 ниммуҳофизатгари ҳамлавар дар дастаи “Рома” 783 бозӣ анҷом дода, 307 гол задан ёрист, ки шумораи зиёди онҳо ба унвони беҳтарину нотакрор ёд мешаванд. Ин натиҷа дар таърихи бошгоҳи Рим бесобиқаю бенадид ба шумор меравад. Дар соли 2001 Тотти унвони қаҳрамонии Италияро ба номи худ муҳр зада, 7 маротибаи дигар дар ҳайати бошгоҳи дӯстдоштааш “Рома” нишони нуқраро ба хизонаи дастмузаҳояш афзудааст. Ҳамчунин нимҳиммоятгар ду маротиба соҳиби Ҷоми Италия ва ду карати дигар барандаи Шоҳҷоми Италия гардида. Дар ҳайати мунтахаби Италия Тотти аз соли 1998 то бад - ин сӯ 58 маротиба андари майдонҳои рақобат шуда, 9 голро марбути номи худ намудааст. Дар мавсими соли 2006 Тотти унвони қаҳрамони ҷаҳонро ҳамчун бозигари мунтахаби Италия ба даст овардааст.
Хайр, Тотти, зинда бош Шоҳаншоҳ, корномаи ту аз ёдҳои мардуми футболпарвари дунё ҳиҷ гоҳ зудуда нахоҳад шуд!