Вазири адлияи Тоҷикистон аз ҳукми вакили дифоъ Шӯҳрат Қудратов, ки ба муддати 9 сол аз озодӣ маҳрум шудааст, ҳимоят кард, раиси Қурғонтеппа мегӯяд, ҷавонон аз бекорӣ ба ҷанги Сурия мераванд, соли гузашта Тоҷикистон 1 миллиард киловат-соат нерӯи барқро ба хориҷа содир кардааcт, бар зидди ходимони Амонатбонк дар минтақаи Кӯлоб 35 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 21 кас боздошт шудаанд ва баъди пахши гузориши Радиои Озодӣ мақомоти ноҳияи Хуросон ба оилаи серфарзанди камбизоат кумак расонданд.